Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРУЗӢ АЗ ТАРАФИ КАФЕДРАИ “ЗАБОНӢ ТОҶИКӢ”

Имрӯз 15.04.2022с. тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбия аз тарафи кафедраи “Забони тоҷикӣ” дар бинои 2-юми коллеҷ ҷамъомади пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад бо иштироки омӯзгори кафедра Табарова Г. ва чанд нафар донишҷӯён ба хотири гиромидошти рӯзи зодрӯзи шоири бузурги тоҷик Садриддин Айнӣ викторина баргузор карда шуд, ки донишҷӯёну омӯзгорон фаъолона баромад намуданд. Ба ин восита хотири Устод Садриддин Айнӣ бори дигар зинда гашта ҳозирин аз ҳаёту фаъолияти ин шахсияти бузург огаҳӣ пайдо карданд.

Дар охири ҷамъомад чун анъана ба хотири қадршиносӣ аз муқаддасоти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ суруди миллӣ бо овози зинда садо дода донишҷӯён ба синфхонаҳо раҳсипор гаштанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.