Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ МАКТАБИ МАРДОНАГИСТ

Санаи 14.04.2022 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, худшиносиву худогоҳӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, бегонапарастӣ, ҷинояткорӣ, пошхӯри оилаҳои ҷавон, муноқишҳои гуруҳӣ, худкушӣ, омилҳои наъшаҷалобӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни устодон ва донишчуёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Фозилзода Ш.М. – мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Орипов Ш. – раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Сино, Суфизода А. – ёрдамчии калони Прокурори ноҳияи Сино, Салимзода К. – ёрдамчии Прокурори ноҳияи Сино, Муминзода Ҷ.С – муовони директор оид ба илм ва иноватсияи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ оид ба баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, тарбияи ватандустӣ ва дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва даъвати ҷавонон барои адо намудани хизмати ҳарбӣ суханронӣ гардид.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.