Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.05 соли 2019, №127 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва омӯзгорони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз 13 то 15 майи соли 2019 дар сафари таълимӣ дар ш.Санкт-Петербург қарор доштанд.
Мақсади сафари таълимӣ: омӯзиши таҷрибаи Коллеҷҳои тиббии ш.Санкт-Петербург оид ба омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ва шиносоӣ бо сохтору коргузории муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии (КАТС)-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия.
Шиносоӣ бо таҷрибаи омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ дар заминаи коллеҷҳои тиббӣ ва сохтору шакли коргузории муассисаҳои КАТС-и ш.Санкт-Петербург дар асоси барномаи пешакӣ омодасохтаи лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар Тоҷикистон (намояндагии институти тропикї ва тандурустии љамъиятии Швейтсария) амалӣ карда шуд.
Қайд намудан зарур аст, ки барномаи сафари таълимии аз тарафи мутахассисон омода кардашуда самаранокии худро нишон дода, имкон дод, мақсади сафари таълимӣ амалӣ карда шавад. Мутобиқи барномаи сафари корӣ ҳамарӯза мо аъзоёни гурӯҳ ба муассисаҳои таълимӣ ё хадамоти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ сафар намуда, бо мутахассисон нишасту сӯҳбатҳо мегузаронидем ва оиди тартиби омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ва коргузории муассисаҳои мазкур ошно мешудем.
Зимни сафари корӣ гурӯҳ аз муассисаҳои зерини Кумитаи тандурустии ш.Санкт-Петербург дидан намуданд: Поликлиникаи шаҳрии №54, кафедраи тибби оилавии Донишгоҳи тиббии ба номи И.И. Мечников, Коллеҷи тиббии №1, Коллеҷи тиббии №2, Диспансери зиддисилии №5, Маркази таҳсили баъдидипломии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва Коллеҷи акушерӣ.
Дар давоми сафари таълимӣ сӯҳбату вохӯриҳо бо намояндагони Кумитаи нигаҳдории тандурустии ш.Санкт-Петербург, сармутахассиси ғайривоҳидии духтури кори умумитиббӣ О.Ю. Кузнетсова, ҳамчунин бо роҳбариятҳои Коллеҷҳои тиббӣ баргузор гардида, оид ба тартиби омодасозии мутахассисон, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии онҳо, тартиби коргузорӣ (қабул, бақайдгирӣ, диспансерикунонии беморон) дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ сӯҳбату мулоқотҳо анҷом дода шуд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо роҳбарони муассисаҳои мазкур изҳори хушҳолӣ намуданд ва иброз доштанд, ки ҳамеша омодаанд ба ҳамкасбони тоҷикистонии худ ҳамкорӣ намоянд. Дар ҷараёни сафари таълимӣ ба мо муяссар шуд, ки бо ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии муассисаҳои мазкур, аз ҷумла бо нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ оид ба омодасозии мутахассисон дар давраҳои қаблидипломӣ ва баъдидипломӣ шинос гардем. Дар ҷараёни ташриф ба муассисаҳои табобатӣ-профилактикӣ бо тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, қабулу диспансерикунонии беморон ошно гаштем.
Қайд намудан зарур аст, ки сафари таълимии мазкур барои мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муфид буда, таҷрибаи ҳамкасбони ш.Санкт-Петербург метавонад барои омодасозӣ ва ё аз нав дидабароии нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимии мутахассисони миёнаи тиббӣ, чи дар сатҳи омодасозии қаблидипломӣ ва чи баъдидипломӣ кӯмак намояд.
Муовини директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
оид ба корҳои таълимӣ н.и.т., З.А. Азиззода