Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИШТИРОКИ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁН ДАР XII- УМИН НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ БАХШИДА БА “РӮЗИ ПОЙТАХТ”

Имрӯз субҳи барвақт тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С. кормандону донишҷӯёни муассиса дар  XII- умин ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи пойтахт” фаъолона иштирок намуданд. Инчунин дар ин  ниммарафони байналмилалӣ тамоми муассисаҳои таълимӣ ва иштирокчиён аз 14 давлати ҳамсоя иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории ин ниммарафон тарғиби  тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонии ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, дарёфти варзишгарони бомаҳорат, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ дар байни ҷавонон мебошад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.