Хабарҳо АКСИЯИ “САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН” ДАРМДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 16, 2022 0 Санаи 16.04.2022с. тибқи дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва мактуби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар муассиса аксияи “Саҳми ман дар шаҳри ман” доир гардид. Аксияи мазкур бо мақсади саҳми арзанда гузоштан ба ободиву тозагии шаҳр ва муҳити атроф доир гардида, дар рафти он донишҷӯёну омӯзгорони фориғ аз дарс бехҳои дарахтонро нарм намуда, ҷӯйбору роҳравҳои атрофи муассисаро тозаю озода намуданд. Ин иқдом дар доираи хидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 марти соли 2022, №133 “Дар бораи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе” ба имзо расида буд, ки дар доираи он баргузории як қатор чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ ва ободониву созандагӣ зери шиори “Саҳми ман дар шаҳри ман” ба нақша гирифта шуда буд, амалӣ мегардад. Пеш 1 то 29 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан