Хабарҳо ПОЯИ ДАВЛАТ НАМОНАД БЕ МАОРИФ УСТУВОР,ДАВЛАТИ ПОЯНДА ХОҲИ РӮЙ БАР МАКТАБ БИЁР Бо admin Охирин навсозӣ Apr 18, 2022 0 Дар воқеъ илму маориф ягона самти афзалиятноки рушд додани ҷомеа ва ба ҳамин васила расидан ба ҳадафҳои неки инсониву фатҳи қуллаҳои эҷодист. Хушбахтона имрӯзҳо таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба ин соҳа хеле назаррас буда доимо мавриди таваҷҷӯҳи роҳбарияти Олии кишвар қарор дорад. Ба хотири ҳавасмандгардонии насли наврас махсусан хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии мамлакат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стипендияи президентӣ ба роҳ монда шудааст. Дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат имрӯзҳо Раисони шаҳру ноҳияҳо ин иқдоми некро дастгирӣ намуда озмӯни чунин Стипендияҳои сатҳи шаҳриву ноҳиявиро ба роҳ мондаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар озмуни навбатии Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои солҳои таҳсили 2021-2022 ки санаи 10-уми апрели соли ҷорӣ баргузор гардид, 25 нафар донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки аз ин шумора 20 нафар донишҷӯён барандаи Стипендияи озмӯни мазкур гаштанд. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан