Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Санаи 16-уми апрели соли 2022, тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Ш.С., дар шуъбаи таълим, бо деканони факултетҳо ҷаласаи муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.т. Одилзода И.Ё. баргузор шуд.

Мавзӯи баррасишаванда – “даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ”.

Сараввал муовини директор оид ба корҳои таълимӣ оид ба моҳияти адои хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки “…хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони таҳсил ба хизмати Ватан омода кард”.

Маҳз ҳангоми адои хизмат ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад.

Азбаски муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват намешаванд, ба ҳозирин дастур дода шуд, ки бо ҷавонписарони дар муассиса таҳсилкунанда корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад. Деканони факултетҳо изҳор намуданд, ки Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини фаъолияти онҳо мебошад. Аз ин рӯ барои иҷроиши дастури додашуда саҳмгузор хоҳанд буд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.