Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Санаи 18 апрели соли 2022 ба МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” хонум Мейк Колфенбах омӯзгор, профессори коллеҷи акушерии шаҳри Лари Олмон ташриф оварданд. Ин ташрифи дуюми  хонум Мейк ба коллеҷ мебошад. Дафъи аввал бо барномаҳои омодасозии момодояҳо шинос шуда буданд. Ҳоло меҳмон атрофи барномаҳои таълимии момодояҳо, стандартҳои байналмиллалӣ барои тайерии момодояҳо бо муовини директор оид ба корҳои илмӣ- методӣ, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ н.и.т Муминзода Ҷ. С, мудири шуъбаи илмӣ-методӣ Раҳимова Х. А ва мудири кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ” Сайдаҳмадова Ш. Ҷ суҳбат оростанд. Нимаи дуюми рӯз хонум Мейк бо омӯзгорони кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ” дар мавзӯи “Омӯзиши малакаҳои амалӣ” семинар гузарониданд. Панҷ марҳилаи омӯзиши малакаҳои амалиро ба омӯзгорон фаҳмониданд. Бо таҷрибаи мо шинос шуданду аз таҷрибаи худ ба мо гуфтанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.