Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРУЗӢ АЗ ТАРАФИ КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ”

Имрӯз 20.04.2022с. тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбия аз тарафи кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” дар бинои 2-юми коллеҷ ҷамъомади пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад мудири кафедра Сулаймонова О.Ғ оид ба мавзӯи қадри омӯзгор дар ҷомеа маъруза карда атрофи бузургиву эҳтироми тарбияткунандаи насли башар яъне муаллим-омӯзгор чанд мисолу саргузашти тарбиявиро пешкаши ҳозирин гардониданд.

Сипас декани факултети “Кори фарматсевтӣ” Давлатов А.Т гуфтаҳои муаллимаро бо суханони пандомези худ тақвият бахшида аз донишҷӯён даъват ба амал оварда таъкид намуданд:

-Чи гунае, ки дар муҳити оила падару модарро азизу муқаддас мешуморед ҳамчунин нисбати омӯзгорон эҳтироми хоса дошта бошед.

Дар воқеъ омӯзгор ба мисли шамъест, ки худ бо сухтанаш умру қувваташро сарф намуда роҳи торики шогирдонро равшан менамояд ва онҳоро аз маъсияту нодонӣ берун меорад.

Дар охири ҷамъомад чун анъана ба хотири қадршиносӣ аз муқаддасоти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ суруди миллӣ бо овози зинда садо дода донишҷӯён ба синфхонаҳо раҳсипор гаштанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.