Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРУЗӢ ДАР БИНОИ 2-ЮМИ КОЛЛЕҶ АЗ ТАРАФИ КАФЕДРАИ “ЗАБОНИ АНГЛИСӢ”

Имрӯз тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбия дар бинои 2-юми коллеҷ аз тарафи кафедраи “Забони англисӣ” ҷамъомади пагоҳирузӣ гузаронида шуд.

Дар ҷамъомад муаллимаи кафедра Сейтметова бо ҳамроҳии донишҷӯён бобати мавзӯҳои “Tajikistan is my dear homeland” ва “Dushanbe is the capital of Tajikistan” ба ҳозирин маърӯзаҳо намуданд. Инчунин аз тарафи муаллима якчанд саволҳо бо забони англисӣ пешниҳод гардид, ки донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас доданд.

Баъдан Сардори Шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон Шаҳроми Зайниддин доир ба риояи қоидаҳои тартиботи дохилии коллеҷ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.05.2017с. №14/4-473, ки дар дохили бинои таълимӣ ва раванди таълим истифодаи телефони мобилиро қатъиян манъ менамояд, ба саҳми ҳама донишҷӯён такроран расонида шуд.

Баъд аз маърӯза ҳозирин  суруди миллиро бо овози зинда сароида ба машғулиятҳо сафарбар шуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.