Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

АЗ ОРЗУҲО ТО АМАЛ

Давоми солҳои тӯлонӣ МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бозори кории дохилӣ ва беруниро бо кадрҳои баландтахассуси соҳаи тиб таъмин менамояд. Бо тақозои замон ва рушди бемайлони тиб, зарурати бунёди муассисаи тиббӣ-профилактикӣ дар назди муассисаи таълимӣ ба миён омад, ки дар он донишҷӯён донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, бо ин васила сатҳи малакаҳои амалии хешро такмил медиҳанд. Иҷрои ин нақша дар назар мушкил ва ҳатто имконнопазир менамуд, вале Роҳбарияти Коллеҷ, алалхусус роҳбари муассиса, н.и.т. Ашуриён Ш.С. аз оғози фаъолияти худ ба ҳайси директор сохтмони ин гуна бинои табобатиро дар назди бинои таълимӣ омили беҳтарсозандаи сатҳи тахассуснокии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ шумурда, баҳри амалисозии нақша тамоми чораҳоро андешиданд. Хушбахтона, бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин орзӯи деринаи мо ҷомаи амал пушид. Барои сохтмони бинои табобатӣ, дар назди бинои асосии Коллеҷ қитъаи замин ҷудо карда шуда, лоиҳаи сохтмони он пурра омода шуд.

Санаи 22-юми апрели соли 2022, қитъаи замини МД “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои карантинӣ”, ки дар шафати бинои асосии Коллеҷ воқеъ аст, пурра барои оғози сохтмон супорида шуд. Роҳбарият ва омӯзгорони муассиса, ки дер боз интизори сохтмони чунин як иншооти ҳаётан муҳим буданд, ин иқдомро ҳамчун ҷашнвора пазируфта, дар баробари сохтмончиён, ихтиёран дар вайронкунии биноҳои кӯҳнаи қитъа фаъолона ширкат варзиданд. Аз оғози сохтмони ин иншоот бештар омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ шод буданд, зеро минбаъд шароит фароҳам оварда мешавад, ки омӯзгорон дар баробари кори таълимӣ ба кори табобатӣ низ машғул шаванд.

Барои тамоми кормандон, омӯзгорон ва муҳассилини Коллеҷ оғози корҳои сохтмониро муборакбод гуфта, орзумандем, ки ҳар чи зудтар ин бинои деринтизори мо дар шафати бинои асосӣ қомат афрӯхта, боиси рушди соҳаи тиб гардад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.