Хабарҳо ИҚДОМИ ГУЛШИНОНӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 23, 2022 0 Санаи 23-юми апрели соли ҷорӣ, тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. гирду атрофи бинои асосии Коллеҷ ба гулистон табдил дода шуд. Гуфтан ба ёдоварист, ки барои ҳусни тоза бахшидан ба симои зоҳирии муассисаи таълимӣ зиёда аз ҳазор гулҳои “Тагес” шинонида шуд. Гулҳои мазкурро дар яке аз гармхонаҳои корхонаи гулпарварии пойтахт парварида, дар шакли тайёр барои шинонидан овардаанд. Ба ҳашари гулшинонӣ омӯзгорони кафедраи фанҳои тиббӣ-биологӣ ва кормандони бахши хоҷагидорӣ ҷалб шуданд. Баъди шинонидани гулҳо, саҳни бинои асосӣ ва гирду атрофи он ҳусни нотакрор ҷалб намуд. Иқдоми мазкур аввалин набуда, бо ташаббуси роҳбари муассиса чунин маъракаҳо мунтазам, бо фарорасии шароити мусоиди гулшинонӣ пеша карда мешаванд. Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан