Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

САҲМИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР ШАНБЕГИИ УМУМИҶУМҲУРИЯВӢ

Санаи 23-юми апрели соли 2022 тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли муассисаҳои таълимии диёрамон “Шанбегии умумиҷумҳуриявӣ” баргузор мешавад. Дар робита бо ин, мутобиқи дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. ва нақша-чорабиниҳои Коллеҷ бо мақсади тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрдории донишҷуёну омӯзгорон дар тамоми биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” шанбегӣ гузаронида шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар маъракаи ободонӣ, донишҷӯён бо омӯзгорони кафедраҳо, иштирок намуда, ҷуйбори обравҳоро тоза, бехи дарахтонро нарм ва роҳравҳоро  рубучин намуданд.

Гузаронидани шанбегиҳо дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”  ба ҳукми анъана даромада, нишони иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва пайравӣ аз иқдомҳои некхоҳонаи Раиси азизи шаҳрамон, ҷиҳати тарғиби корҳои ободонию созандагӣ мебошанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.