Хабарҳо ДАВРИ НИҲОИИ УМУМИКОЛЛЕҶИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ Бо admin Охирин навсозӣ Apr 27, 2022 0 Санаи 27-уми апрели соли 2022 бо мақсади иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар китобхонаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” даври ниҳоии умумиколлеҷии Озмун доир гардид. Ҳайати комиссияи ҳакамон аз раис ва аъзоён иборат буд. Раиси ҳакамон, нависанда ва публитсисти маъруф, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – номзади илмҳои филологӣ Маҷид Салим, аъзоён: муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё., муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ ва инноватсия н.и.т. Муминзода Ҷ.С., мудири кафедраи “Забони тоҷикӣ” н.и.ф. Наҷмиддинова С.Н. ва омӯзгорони кафедраи мазкур. Дар оғоз, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки мақсад аз баргузор кардани озмун дарёфти истеъдодҳои нав, тақвияти донишу ҷаҳонбинӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеа ба китобу китобхонӣ мебошад. Сипас раиси ҳакамон иштирокчиёнро бо панду андарзҳо ва суханони нек болидарӯҳ намуда, барояшон муваффақият хост. Ҳамчунин, муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ ва инноватсия н.и.т. Муминзода Ҷ.С. оид ба натиҷаи давраи умумиколлеҷии озмун иттилоъ дода, қайд карданд, ки ба даври ниҳоӣ 6 нафар иштирокчӣ роҳ ёфт ва тибқи натиҷаи озмуни имрӯза ғолибон ба даври ноҳиявӣ роҳхат мегиранд. Пас аз саволу ҷавоб доир ба мавзӯъҳои мухталиф миёни аъзоёни ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёни озмун, масъулин сатҳи омодагии иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуда, ба онҳо мувофиқи донишашон баҳои мувофиқ гузоштанд. Дар ҷамъбаст, тибқи қарори ҳайати ҳакамон ба даври ноҳиявӣ 5 нафар роҳхат гирифтанд. Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан