Хабарҳо ОМОДАГӢ БА АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ – 2022 Бо admin Охирин навсозӣ Apr 27, 2022 0 Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузорнамоии аттестатсияи хатми донишҷӯён дар соли таҳсили 2021-2022, санаи 27-уми апрели соли ҷорӣ ҷаласаи ғаринавбатӣ дар назди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ баргузор шуд. Мавзӯи ҷаласа “Пешниҳод ва тасдиқи саволҳои имтиҳонӣ, маълумотномаи раисони имтиҳон ва таҳрезии ҷадвали қабули аттестатсияи хатми соли 2022”. Дар ҷаласа мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва сардорони шуъбаҳои дахлдор иштирок доштанд. Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. дар оғози ҷаласа ба ҳозирин таъқид сохта, дастур доданд, ки имтиҳонҳои хатм бояд тибқи Низомномаи Аттестатсияи хатм баргузор шуда, ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қабили дафтарчаҳои имтиҳонӣ, бланкҳои пайнавиштҳо ва фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин маконҳои баргузории имтиҳон пеш аз оғози имтиҳон омода бошанд. Махсусан ба ҷиҳозонидани синфхонаҳои имтиҳонӣ бо аёнияту баннерҳои таълимӣ диққати хос дода шуд. Дар рафти ҷаласа мудирони кафедраҳо оид ба ҷараёнгирии Аттестатсияи хатм ва таҷрибаи соли сипаригашта ибрози ақида карда, пешниҳодҳо намуданд. Раёсати таълим пешниҳодҳоро ба инобат гирифта, ба имтиҳонгирандагон тавсия ва дастурҳои мушаххас доданд. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан