Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАФТАИ ФАННӢ ДАР КАФЕДРАИ “КОРИ ҲАМШИРАГӢ ДАР ТЕРАПИЯ ВА АСОСҲОИ ПАТОЛОГИЯИ КЛИНИКӢ” – МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Тибқи нақшаи муқарраршуда “Ҳафтаи фаннӣ” дар кафедраи “Кори ҳамширагӣ дар терапия ва асосҳои патологияи клиникӣ идома ёфта истодааст. Имрӯз дар санаи 28.04.2022с.  бо донишҷӯёни курси 3 – юми факултети “Кори ҳамширагӣ” баъд аз хатми синфи (9) викторина дар мавзӯи “Парастории шахсони пир ва солхӯрда” бо роҳбарии омӯзгори собиқадори кафедра Мамадова Маҳбуба Нуруддиновна гузаронида шуд. Викторина тибқи талаботҳои муосири таълим тариқи видеофилмҳои тарбиявӣ ва презентатсияҳо бо баромади донишҷӯён гузаронида шуд.

Дар ҷамъомади имрӯза оиди масъалаҳо ва хусусиятҳои анатомиву физиологии узвҳо ва системаҳои пиронсолон, тағйиротҳои синну солӣ онҳо инчунин оиди парастории пиронсолон саволу ҷавоб гузаронида шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.