Хабарҳо ҶАВОНОН – МЕРОСБАРИ СУББОТУ АМНИЯТ ДАР КИШВАР Бо admin Охирин навсозӣ Apr 29, 2022 0 Санаи 28 апрели соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С. ва нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе оиди баргузории хонишҳои сиёсӣ ва шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 21 – декабри соли 2021 ироъа гардида буд аз ҷониби намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе доир ба самти ҷавонон, сиёсати давлатии ҷавонон, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ба насли ҷавону варзишгарон, масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат бо омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, Консепсияи миллии тарбия ва саҳмгузорӣ дар рушду нумӯъи пойтахт миёни ҷавонону донишҷӯёну устодони муассиса вохурӣ баргузор гардид. Зимни баргузории вохурӣ, дар миёни хонандагону омӯзгорони муассисаи таълимӣ вобаста ба шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 21 декабри соли 2021 ироъа гардида буд вобаста ба масъалаҳои ҷавонон ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, нисбати ин қишри ояндасоз, дастовардҳои варзишӣ, вазъи минтақа ва ҷаҳону хатарҳо ва паёмадҳои он, зиракии сиёсӣ, риояи ҳатмии қонунҳои миллӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, бахусус терроризму экстеремизм, нашъамандӣ, ҷинояткорӣ ва хурофотпарастӣ намояндаи раёсат Шарипов Додихудо суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки имрӯз бо истифода аз шароити мусоид донишу ҳунар ва касбҳои замони муосирро аз худ намоянду арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд. Баъдан Ҳусайнов С. маъруза намуда, аз омӯзгорон даъват ба амал овард, ки донишҷӯёнро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия ва раҳнамоӣ намоянду ба онҳо мафҳуми Ватанро ба таври дуруст фаҳмонанд. Изҳор шуд, ки сулҳу ваҳдат, Истиқлолияти давлатӣ ва суботу амният дар кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст ва имрӯз рисолати аввалиндараҷаи ҷавонон таҳким бахшидани ин дастовардҳои бебаҳои таърихӣ ба наслҳои оянда мебошад. Дар охири чорабинӣ аз тамоми иштирокчиён эҳтиромона даъват ба амал оварда шуд, ки дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлолро саҳмгузор бошанд. Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан