Имрӯз тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбия аз тарафи кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ” ҷамъомади пагоҳирузӣ гузаронида шуд. Дар ҷамъомад омӯзгорони кафедра бо ҳамроҳии донишҷүён дар бораи “Таърихи пайдоиши забони лотинӣ ва нақши он дар тибб” маърӯзаҳо намуданд. Аз тарафи омӯзгори кафедра Эшназаров Ҷумахон як сканворд бо забони лотинӣ пешкаши донишҷӯён гардид, ки донишҷӯён фаъолияти хуб нишон доданд.