Хабарҳо ИДОМАИ ШАНБЕГИИ УМУМИҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 30, 2022 0 Санаи 30-юми апрели соли 2022, мутобиқи дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С., нақша-чорабиниҳои Коллеҷ ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрдории донишҷуёну омӯзгорон дар тамоми биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” шанбегӣ гузаронида шуд. Дар маъракаи ободонӣ, донишҷӯён бо омӯзгорони кафедраҳо, иштирок намуда, ҷуйбори обравҳоро тоза, бехи дарахтонро нарм ва роҳравҳоро рубучин намуданд. Гузаронидани шанбегиҳо дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба ҳукми анъана даромада, нишони иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва пайравӣ аз иқдомҳои некхоҳонаи Раиси азизи шаҳрамон, ҷиҳати тарғиби корҳои ободонию созандагӣ мебошанд. Пеш 1 то 16 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан