Хабарҳо ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР БИНОИ АСОСИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ May 4, 2022 0 Санаи 4-уми майи соли 2022 тибқи нақша-чорабиниҳои шӯъбаи таълим аз ҷониби кафедраи «Фанҳои морфологӣ», дар саҳни бинои асосӣ ҷамъомади пагоҳирӯзии донишҷӯён баргузор шуд. Мавзӯи ҷамъомад “Рӯзи Ғалаба”. Дар оғоз барои қадршиносии муқаддасоти миллӣ, суруди миллӣ садо дод. Сипас омӯзгорон Ҳисайнов М.А. ва Ҳусайнова П.Н. доир ба мавзӯи ҷамъомад бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд. Инчунин, таҳти роҳбарии омӯзгор Шарипова В.В. бо ҳамроҳии ҳозирин суруди “Катюша”, ки яке аз рамзҳои ҷашни “Рӯзи Ғалаба” мебошад, бо овози зинда замзама карда шуд. Дар ҷамъбаст донишҷӯён ба дарс раҳсипор гаштанд. Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан