Хабарҳо ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАХШИДА БА ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ФИТР Бо admin Охирин навсозӣ May 3, 2022 0 Омӯзгорон ва донишҷӯёни мӯҳтарам, ҳамватанони азиз! Шуморо бо фарорасии ҷашни деринтизори Иди саиди Фитр аз самими қалб табрик мугӯям. Дар ин рӯзҳо миллионҳо мусулмонони ҷаҳон бо ҷидду ҷаҳд ба Худованд, барои саховати беандозааш ҳамду сано хонда, ба анҷом додани корҳои хайрхоҳона ва ба пойдории арзишҳои маънавӣ мепайванданд, ҳамоҳангии ботинӣ пайдо мекунанд ва аз бори гуноҳу андешаҳои бад озод мешаванд. Рамазон – моҳи анҷом додани корҳои нек ва даст кашидан аз одатҳои бад ва рӯза – як шакли изҳори ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ ба ашхоси ниёзманд мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз ниёгон бо доштани раҳму шафқати хос миёни дигар тамаддунҳо фарқ мекард. Итминони комил дорам, ки ҳамакнун низ мардуми шарафманди мо саховатмандию раҳмдилиро пеша карда, ба эҳтиёҷмандону бепарасторон дасти ёрӣ дароз менамоянд. Имрӯзҳо, ки раванди бӯҳрони иқтисодӣ бо сабаби нооромиҳои сиёсӣ боз ҳам шадидтар мегардад, худи ҳаёт аз мо ҳикмат, сабр ва тасмимгириҳои душворро тақозо менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти дурандеш ва оқил мебошанд, солҳо қабл, ки аз бӯҳрони иқтисодӣ хабаре набуд, Қонуне қабул намуданд, ки боиси ҳифзи мардум аз ҳар гуна бӯҳронҳои иқтисодӣ гардид. Боварии комил дорам, ки дар ин рӯзҳои душвор мардуми мо Иди саиди Фитрро бо риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва бо эҳтиром ба суннатҳои ниёгони миллӣ қайд мекунанд. Боиси хушнудист, ки дар ин сол қисми зиёди мардуми мо имкон пайдо намуданд, ки ба мардуми ниёзманд, маъюбон, пиронсолон ва оилаҳои серфарзанд кӯмаки моддӣ расонанд. Бовари дорам, ки таҷлили Иди саиди Фитр дар фазои гарми оилавӣ моро боз ҳам ба ҳам наздиктар намуда, барои такмили минбаъдаи фаъолияти созандагӣ ва ахлоқӣ нерӯ мебахшад. Бигзор ин ҷашни фараҳбахш бори дигар ба ҳамаи мо шодмонӣ, некбинии бепоён ба ҳаёт ва азму иродаи қавӣ ба корнамоиҳои нав бахшад! Ба шумо ва наздиконатон сулҳ, хушбахтӣ, некӣ ва шукуфоӣ таманно дорам. Иди саиди Фитр муборак! Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. 0 Мубодила кардан