Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.09 соли 2019, №288 дар ҳайати гурӯҳи мутахассисон аз 15 то 20 – уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доштем.
Мақсади сафари мазкур:
Иштирок дар Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Нақши мутахассисони миёнаи тиббии Қирғизистон дар қавигардонии саломатии аҳолӣ”, ки аз 16 то 19 сентябри соли 2019 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Дар Конференсияи мазкур аз МДТ “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ” 3 нафар мутахассисон: Азиззода З.А., муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, Муминов Ҷ.С., муовини директор оид ба корҳои илмӣ, Мирзоев А.Д., муовини директор оид ба таҷрибаомӯзӣ иштирок намуданд.
Дар кори конфронс роҳбарони Вазорати тандурустӣ, муассисаҳои тандурустӣ, коллеҷҳои тибби Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок доштанд. Ҳамчунин ба кори конфронс роҳбарони як қатор Коллеҷҳои тиббии хориҷи Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, мутахассисони соҳа аз Ҷумҳурии Украина, Ҳолмон даъват шуда буданд.
Дар конфронс роҳбарони Коллеҷҳои тиббӣ маърӯза намуда, масъалаҳои таҷрибаи Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ баррасӣ ва муҳокима гардиданд.
Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т., З.Азиззода доир ба мавзӯи “Омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ – дастовардҳо ва дурнамо” маърӯза намуд. Дар маърӯза ба ҳозирин доир бадастовардҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” тули солҳои соҳибистиқлолӣ ва дурнамои рушди он маълумот пешниҳод карда шуд. Самтҳои фаъолияти Коллеҷ оид ба ташкили парки технологӣ, марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, фаъолияти илмӣ ва омодасозии ҳамшираҳои тиббии оилавӣ ба ҳозирин писанд афтод ва онҳо иброз доштанд, ки дар оянда бо Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар ин самтҳо ҳамкорӣ дошта бошанд.
Ҳамчунин дар конфронс мутахассис оид ба технологияи дандонсозӣ аз Олмон Пиниккер Н. оид ба технологияи дандонсозӣ мастер-класс гузаронид, ки хеле ҷолиби диққат буд. Дар мастер-класс технология омодасозии протезҳои муқимӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.
Кравченко Л.А. директори ташхисгоҳи илмӣ-методии “Economisa” – и Ҷумҳурии Украина доир ба мавзӯи “Системаи менеҷменти сифат – самти рақобатпазирии муассиса” маърӯза намуд. Кравченко Л.А. дар маърӯзаи худ доир ба услубҳои менеҷмент “роҳбарӣ” – и самаранок дар муассиса гуфта гузашт, ки хеле ҷолиби диққат ва барои аҳли нишаст муфид ба шумор меравад.
Ҳамчунин дар конфронс маърӯзаи ҷолиби дигар аз тарафи Сагинова В.С. омӯзгори Коллеҷи тиббии ш.Бишкек доир ба мавзӯи “Коркард ва омодасозии фитопрепаратҳо ва фитокосметика” пешниҳод карда шуд. Дар маърӯзаи худ Сагинова В.С. оид ба технологияи омодасозии якчанд номгӯи фитопрепаратҳо ва маводи фитокосметикӣ бо истифодаи технология ва маҳсулоти ватанӣ пешниҳоди ҳозирин намуд, ки хеле диданӣ буд. Шароити табии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки таҷрибаи мутахассисони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба омодасозии фитопрепаратҳо ва маводи фитокосметикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода карда шавад.
Дар қисми музокиравии конфронс мутахассисон бо саволу ҷавобҳо ва пешниҳодҳо баромад намуданд ва қарори конфронс якдилона қабул карда шуд. Аз ҷумла Муминов Ҷ.С. пешниҳод намуданд, ки Ассотсиатсияи директорони Коллеҷҳои тиббии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил карда шавад, ки он аз тарафи иштирокчиёни конфронс ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.
Дар рӯзҳои дигари конфронс мутахассисон аз як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳри Бишкек, ки заминаи таҷрибаомӯзии Коллеҷҳои тиббии шаҳри Бишкек ба шумор мераванд, аз ҷумла ташхисгоҳи Бонетский, Беморхонаи клиникии идораи дастгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, якчанд дармонгоҳҳо ва дорухонаҳо дидан намуданд.
Дар қарори конфронс аз ҷумла чунин бандҳо ҷой дода шуданд:
1. Ҳамкориҳои байни Коллеҷҳои тиббии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мақсади табодули таҷрибаи ҳамдигар оид ба омодасозии мутахассисон ба роҳ монда шуда, минбаъд густариш дода шавад;
2. Ассотсиатсияи директорони Коллеҷҳои тиббии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил карда шавад. Низомнома, ҳайат, нақшаи корӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ассостиатсия тартиб дода шуда, тасдиқ карда шавад.
Азиззода З., Муминов Ҷ.С., Мирзоев А.Д.