Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Машварати кории ҷонибҳои манфиатдор оид ба амалишавии лоиҳаи “Мустаҳкамгардонии хадамоти офиятӣ дар соҳаи тандурустии тоҷикистон”

Бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10 соли 2019, №783 бо мақсади тадбиқи чорабиниҳо оид ба солимгардонии аҳолӣ, пешгирии маъюбшавии шаҳрвандон ва баланд бардоштани иқтидори муассисаҳои тиббию тавонбахшӣ, дар доираи амалигардонии “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 тасдиқ карда шудааст, дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар доираи амалишавии лоиҳаи “Мустакамгардонии хадамоти офиятӣ дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон” санаҳои 21-23 октябри соли 2019 машварати кории ҷонибҳои манфиатдор баргузор гардид.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Агентии ИМА оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ – USAID ба воситаи Ташкилоти ҷамъияти фалаҷи майнаи сар “Чарх барои одамизод” (UCP Wheels for Humanity), Конфедератсияи байналмилалии физиотерапевтон (WCPT – World Confederation for Physical Therapy) амалӣ карда мешавад.
Дар машварати кории ҷонибҳои манфиатдор намояндагони як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ, роҳбарият ва омӯзгорони ихтисоси кори офиятбахшии Коллеҷ, роҳбарони як қатор муассисаҳои тиббӣ офиятӣ, аз ҷумла МД “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон”, Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе, Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсия, Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакон, Маркази тавонбахшии МД “Маркази миллии тиббӣ” шаҳраки шифобахш ширкат доштанд.
Дар машварати корӣ, ки тули 3 рӯз идома дошт мураббиён аз Конфедератсияи байналмилалии физиотерапевтон суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои таърифи байналмилалии физиотерапия ва касби тандармонӣ дар амал маърӯза намуданд. Ҳамчунин дар ҳамоиш нақшаи таълимии ихтисоси кори тиббӣ офиятӣ бо намунаи нақшаҳои таълимии давлатҳои хориҷи кишвар мавриди муқоиса ва омӯзиш қарор дода шуд. Дар доираи муқоиса ба барномаҳои байналмилалӣ ва пешниҳоди мутахассисони Конфедератсияи байналмилалии физиотерапевтон гурӯҳи корӣ машварат намуда, пешниҳод карда шуд, ки ба нақшаи таълимии ихтисоси кори тиббӣ-офиятии коллеҷи тиббӣ тағйиротҳо ворид карда шавад.
Дар машварат пешниҳод карда шуд, ки гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони варзида оид ба аз нав дида бароӣ ва воридсозии тағйиротҳо ба нақшаи таълимӣ ташкил карда шавад. Дар муддати як соли амалишавии лоиҳа аз тарафи гурӯҳи корӣ бояд нақшаи таълимии ихтисоси кори тиббию офиятӣ таҳрезӣ карда шуда, барои тасдиқу мувофиқа ба Вазоратҳои маориф ва илм ва тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Ш.Ашуриён – директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб.
З.Азиззода – муовини директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои тиб.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.