Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАФТАИ ФАННӢ АЗ ТАРАФИ КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Мувофиқи нақша-чорабиниҳои қисми таълим доир ба гузаронидани “Ҳафтаи фаннӣ” дар кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” санаи 05.05.2022с. дар маҷлисгоҳи  бинои 2-юми Муассиса ҳамоиши илми-назариявӣ бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зери унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур аз тарафи омӯзгори пуртаҷрибаи кафедра Қаландарова М. И., бо ҳамроҳии донишҷӯёни гурӯҳи 104-и факултети  “Кори момодоягӣ” ва гурӯҳи 201-и факултети “Кори фарматсевтӣ” баъд аз хатми синфи (9) ба роҳ монда шуда буд.

Дар аввали ҳамоиш донишҷӯён аз ҷонисориҳо ва саҳми арзандаи миллати тоҷик дар ин Ҷанги Бузурги Ватанӣ суханрониҳо намуда, аз ашъори шоирону нависандагони муосири тоҷик баҳри ҳозирин шеърҳо қироат карданд. Баъдан баҳри болидаруҳии ҳозирин якчанд рақсу сурудҳои дилнишин пешкаш карда шуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш Саидова М. М. – муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ суханронӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ба мисли ҷанговарони даврони шӯравӣ ҷасуру нотарс ба камол расида, дар ҳифзи сарҳаду буми Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳиссагузор бошанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.