Хабарҳо ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ МОМОДОЯҲО ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ May 6, 2022 0 Ҳар сол чун анъана санаи 5-уми май бахшида ба Рӯзи байналмиллалии момодояҳо дар муассиса озмуни «Момодояи беҳтарин” гузаронида мешавад. Дар озмуни имсола роҳбари ташкилоти намояндагии хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Миллали Мутаҳид (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонума Раҳимова Наргис Ҳамзаевна ва кординатори лоиҳа Хуршед Иргитов иштирок доштанд. Ҳамчунин дар озмун муовинони директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” оид ба таълими амалӣ ва тарбия Давлатзода А. Д. ва Саидова М. М., декани факултети “Кори момодоягӣ” Гадоева Қ. Б., ҷонишини декани факултет Зиятова С.Э. ва сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилот Сафаров А ба ҳайси аъзоени жюри иштирок доштанд. Дар аввал сухан ба Наргис Ҳамзаевна дода шуд. Дар баромади худ дар бораи нақши муҳим доштани момодояҳо дар солимии ҷомеа, паст кардани фавтияти модарӣ, беҳтар шудани оқибатҳои перинаталӣ ва пешгирии саратони гарданаки бачадон қайд карданд. Баъдан шартҳои дар озмун мондашуда, аз тарафи донишҷӯен иҷро карда шуд. Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст ки, ҷамъбасти озмун байни донишҷӯен барои тасвири расми беҳтарин дар мавзӯи модару навзод, гузаронида шуд. Дар охир аз тарафи намояндагии хазинаи нуфуси аҳолии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва иштирокчиен туҳфаҳо тақдим карда шуд. Пеш 1 то 20 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан