Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҒАМХОРӢ БА ЯТИМОН – ПАЙРАВӢ АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

Ғамхории давлату Ҳукумат, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон нисбат ба онҳое, ки аз навозиши падару модар барвақт маҳрум шудаанд, хеле назаррас аст. Роҳбари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ятимон дар паноҳи давлатанд, падарона сари онҳоро сила карда, барояшон беҳтарин шароитҳои таълиму тарбияро фароҳам меоваранд. Ҳамчунин, дар суханрониҳои худ чунин таъкид намудаанд: “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”.

Парҳезгориву лутфу эҳсон ба атрофиён, дасти ниёзмандеро аз рӯи имконият гирифтан, ба шахсони ятими кулл ва камбизоат кӯмак кардан, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб аз ҷумлаи хислатҳои муҳимтарину наҷиби инсонӣ мебошанд.

Пайравӣ аз Пешвои миллат намуда, директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ятимони кулли муаассисаро зери таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагии худ гирифта, дар ҳама ҷашну идҳои миллӣ бо онҳо суҳбату вохуриҳо гузаронида, кӯмаки молии худро мерасонад.

Бо ин мақсад санаи 5 майи соли 2022 дар муассиса вохурӣ бо ятимони кулл баргузор гардид. Дар раванди вохурӣ, кӯмаки навбатии директори муассиса ба дасти ҳар як фарди ятими кулл расонида шуд.

Бояд ҳаминро қайд намуд, ки дар муассиса 75 ятими кулл ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки зери назорати қатъии директори муассиса муҳтарама Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода буда, дар ҳар як ҷашну идҳои миллӣ аз тарафи роҳбарияти Коллеҷ ҳавасманд карда шуда, дар хобгоҳи Муассиса, ки дорои тамоми шароитҳои замонавӣ мебошад, ройгон ба ҷои хоб таъмин карда шудаанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.