Хабарҳо ФЕСТИВАЛИ “САД РАНГИ ЧАКАН” ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ May 11, 2022 0 Ай офтоби тобон, бишнав саломи моро. Эй ғунчаи шукуфон, бишнав саломи моро, Аз қуллаи Бадахшон то соҳили Зарафшон, Эй халқи Тоҷикистон, бишнав саломи моро. Инак бо гузашти айём рафтуои беисти рӯзу шаб санаи 11 майи соли 2022, тибқи дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуривӣ” муҳтарама Ашуриён Ш. С. дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оиди арҷгузорӣ ба расму оинҳои миллӣ, мероси ниёгон, анъанаҳои миллии мардуми тоҷик, боло бурдани эҳсоси ифтихори миллӣ миёни бонувону ҷавондухтарони тоҷик, густариши маънавиёти ҷомеа ва тарғиби либоси миллӣ ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллати тоҷик, дар муассиса Фестивали “Сад ранги чакан” бо иштироки Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан – мудири Шуъбаи занони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Султонова Т. – мудири бахши фарҳанги ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Одилзода И. Ё – муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, Саидова М. М. – муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва ҷамъи зиёди омӯзгорону донишҷӯдухтарон баргузор гардид. Мақсади асосии баргузории фестивал, ин баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, қадру манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, инчунин муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Фестивали “Сад ранги чакан, ки аз 6 номинатсия: -намоиши либосҳои қадимаи чакан; намоиши либосҳои кӯдакона; намоиши либосҳои рӯзмарра; намоиши либосҳои маросимӣ ва идона; намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ иборат буд, пурра дар барнома роҳандозӣ карда шуд. Донишҷӯдухтарони муассиса дар ҳама номинатсияҳо бо куртаҳои чакану атлас ҳунарнамоӣ намуда, хотири ҳозиринро шод намуданд. Дар охири чорабинӣ Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан – мудири Шуъбаи занони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суханрони намуда, қайд намуданд: Миллати тоҷик таърихи қадима ва дорои фарҳанги тамаддунофар мебошад. Бо ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурӣ масъалаҳои эҳёи анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати кишвар гардида, аз ҷониби давлат, бахсус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ва ривоҷи тоза гирифт. Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки таърихи ниҳоят қадима дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Боиси хурсандист, баъди талошҳои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Маврикий баргузор гардид, чакан ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд. Чакан як навъи гулдӯзии маъмул дар Тоҷикистон буда, он дар сомонаи ЮНЕСКО чунин муаррифӣ карда шудааст: “Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфта, санъати чакандӯзӣ аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст”. Инчунин барои ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Шуъбаи занони ноҳия ва ташкил намудани чунин як фестивали сатҳи ҷумҳуриявӣ ба роҳбарияти муассиса изҳори сипос намуданд. Пеш 1 то 15 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан