Хабарҳо ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАХШИДА БА РӮЗИ КАСБИИ ҲАМШИРАҲОИ ШАФҚАТ Бо admin Охирин навсозӣ Май 12, 2022 0 Рӯзи касбии ҳамшираҳои шафқат ҳамасола 12 май таҳти сарпарастии Шӯрои байналмилалии ҳамшираҳои шафқат ҷашн гирифта мешавад. Касби ҳамшираи шафқат яке аз касбҳои инсондусттарин ва барои ҷомеа муфид мебошад. Дуруст аст, ки муолиҷаи муваффақ ва барқарорсозии зуди беморон тақрибан 50% аз нигоҳубини дуруст вобастагӣ дорад. Бори аввал Рӯзи ҳамшираи шафқат соли 1953 бахшида ба садсолагии таъсиси аввалин хадамоти шафқат таҷлил гардида буд. Соли 1853, дар ибтидои ҷанги Крим, зани англис Флоренс Найтингейл хизмати махсуси ихтиёрии тиббиро ташкил кард. Ҳамширагҳои шафқат бевосита дар хатти фронт ёрии аввалин расонда, ҳаёти худро қариб ҳар дақиқа зери хатар мегузоштанд. Таҷлили ғайрирасмии иди касбии ҳамшираҳои шафқат аввалин маротиба соли 1965 сурат гирифта буд, вале ба таври расмӣ онро аз соли 1974 ҷашн мегиранд. Дар асл ин ид таърихи 150 сола дорад, вале танҳо аз соли 1974 Шӯрои байналмиллалии ҳамшираҳои шафқат, ки ба он 141 давлат аъзо мебошад, қарор қабул кард, ки иди касбии ҳамшираҳои шафқат маҳз ҳамин рӯз, яъне 12 май, ки рӯзи зодрӯзи Флоренс Найтингейл мебошад, ҷашн гирифта мешавад. Тибби муосирро бе ҳамшираи шафқат тасаввур кардан душвор аст. Ҳамшираҳои шафқат категорияи калонтарини кормандони соҳаи тандурустиро ташкил медиҳанд, зеро дар амалияи тиббӣ қисми зиёди хизматрасониҳои тиббӣ танҳо аз ҷониби ҳамшираи шафқат расонида мешавад. Ба кормандони ин касб хислатҳои инсондӯстӣ, меҳрубонӣ, шафқат, ҳамдардӣ ва қобилияти бахшидани умед ба шифоёбӣ хос мебошад. Аз ин рӯ, имрӯз мо бори дигар намояндагони ин касби пуршараф – ҳамшираҳои шафқатро бо иди касбиашон табрик гуфта ба онҳо барои кори муҳим ва шоистаашон аз таҳти дил миннатдорӣ баён мекунем. Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. 0 Мубодила кардан