Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Вохурии донишҷӯён бо адиби шинохта Камол Насрулло

Чанде пеш дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” вохӯрии донишҷӯён бо шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва аҳли омӯзгорони кафедраи “Забони тоҷикӣ” доир гардид. Сараввал мудири кафедраи “Забони тоҷикӣ” Нажмуддинова С.Н. ба сухан баромаданд, шоирро хушомадед гуфтанд, аз рафти фаъолияти омӯзгорони кафедра, сатҳи сифати донишандӯзии донишҷӯён, ҳамкории омӯзгорони кафедра бо адибон ибрози андеша кард. Риштаи суханро шоир Камол Насрулло ба даст гирифтанд. Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ёдрас шуда, аҳли донишҷӯёнро бори дигар хотирнишон кард, ки ин забон, забони модарии мост, ки бо шири модар омадаасту мубодилаи афкор тавассути он сурат мегирад ва ҳастии моро таъмин мекунад. Одобу рафтор, муносибату гуфтор, илмомӯзиву фарҳанг, маънавиёти асилу худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ тавассути забон такомул меёбанд. Дар ҳолате, ки забони модарӣ тавассути шири модар дар рагу пайванди мо ҷой гирифтааст вазифадорем, ки онро бипазирем, дӯст дорем, эҳтиром намоем. Ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳем, ки он ба алфози дурушту қабеҳ олуда гардад. Забони тоҷикӣ таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, бо ин забон асарҳои гаронбаҳое офарида шудаанд. Инчунин устод дар мавзӯъҳои хатари ҷанги шаҳрвандӣ, ба даст овардани Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, хатари терроризм ба ҷомеа, ки имрӯз ҳеҷ як фарди солимақлро бетараф намемонад қайд карда, ба донишҷӯён рӯ оварда таъкид намуданд. Донишҷӯён бояд ба хондани рӯзномаву маҷаллаҳои ҳарҳафтаина, китобҳои бадеӣ машғул бошанд ва ҳурмату эҳтироми хурду калонро фаромӯш накунанд. Набояд ба ҳар гуна равияҳо ва гурӯҳҳои ифротию тундрав ҳамроҳ шаванд. Албатта, ягон падару модар намехоҳад, ки фарзандаш ба роҳи нодуруст равад, сари онҳоро паст кунад. Нақлу ривоятҳо ва шеърҳои қироатнамудаи шоир, ки саршор аз меҳри ватандӯстию ватанпарварӣ буд, донишҷӯёнро ба меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ, донишандӯзӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят менамуд. Омӯзгори кафедра Табарова Г.Л. ва донишҷӯён аз эҷодиёти шоири маҳбуб Камол Насрулло шеърҳо дар васфи Ватан, модар қироат карданд. Дар қисмати ҷамъбастии вохӯрӣ риштаи сухан ба муовини директор оид ба таълим номзади илмҳои тиб, Азиззода Зубайдулло Абдулло ба даст гирифта, шоир Камол Насруллоро хайру мақдам гуфтанд. Ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ ва иштироккунандагон миннатдорӣ баён намуданд. Бо ҳамин ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшида, дар охир ба устод умри дарози саъдиёна ва дар корҳои эҷодиаш муваффақиятҳои беназир орзу намуданд.

Мудири кафедраи “Забони тоҷикӣ” Нажмуддинова С.Н.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.