Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАРАЁНИ РЕЙТИНГСУПОРӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 28 майи соли 2022, тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузорнамоии ҷараёни рейтингсупории донишҷӯён дар анҷоми нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022, аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. санҷиши ҷараёни рейтингсупорӣ дар маркази тестии Коллеҷ, гузаронида шуд.
Дар рафти санҷиш маълум гашт, ки қабули рейтингҳо дар марказ тибқи ҷадвалҳои тасдиқгардидаи шуъбаи таълим, ба роҳ монда шуда, то ҳол мушкилоте сар назадааст. Мудири маркази тестӣ Ҳасанзода А. изҳор доштанд, ки зери роҳбарии директори оқил ва дурандеш н.и.т., Ашуриён Ш.С. миқдори компютерҳои марказ ба 155 адад расид ва ин имкон фароҳам овард то ин ки иқтидори қабули марказ дар як рӯз ба 2400 нафар донишҷӯ расида, шароити хуби қабули санҷишу имтиҳонҳо дар сатҳи олӣ ва дар муддатҳои кӯтоҳтарин фароҳам оварда шавад.
Дар ҷамъбаст муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Одилзода И.Ё. ба деканони факултетҳо ва мудири маркази тестӣ ҷиҳати назорати ҷиддӣ ва танзими ҷараёни рейтингсупорӣ, ҳамчунин роҳ надодан ба сарзании омилҳои коррупсионӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.