Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ҶУМҲУРИЯВӢ” АШУРИЁН ШАҲЛО САЙФУЛЛОЗОДА


Санаи 28 майи соли 2022 қабули шаҳрвандон аз ҷониби директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода баргузор шуд. Пас аз гӯш додан ба мушкилотҳои шаҳрвандони муроҷиатнамуда, барои ҳалли масъалаҳои эшон ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Хотирнишон менамоем, ки қабули роҳбари муассиса ҳар рӯзҳои шанбе баргузор шуда, аҳолии кишвар, аз ҷумла волидон ва муҳассилини Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” имкон доранд, ки бевосита ба роҳбари Муассиса оид ба мушкилотҳои худ муроҷиат намоянд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.