Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МУЛОҚОТИ ИЛМӢ-МАШВАРАТӢ БАХШИДА БА РУШДИ СИСТЕМАИ ТАЪЛИМИИ СОҲАИ ОФИЯТБАХШӢ ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА АВРУПОИ ШАРҚӢ

Санаҳои 7 ва 8 июни соли 2022 аз ҷониби дафтари минтақаи Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар пойтахти Дания, шаҳри Копенгаген мулоқоти бисёрҷониба оид ба рушди системаи таълимии соҳаи офиятбахшӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинии илмӣ-машваратӣ дар баробари меҳмонони зиёд аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои шарқӣ, инчунин намояндагон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд, ҳамзамон барои иштирок дар кори мулоқот тариқи онлайн дар бинои асосии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” шароит фароҳам оварда шуд.
Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, муовинони директор, омӯзгорон ва ҳамчунин мутахассисони соҳавӣ аз ҳар гӯшаю канори мамлакат низ дар мулоқоти мазкур тариқи онлайн иштирок доштанд. Ба ҳайси мутахассисони соҳавӣ Бобоҷон Боймуродов – духтури тандармони Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакон, Мародалиева Дилрабо – омӯзгор ва духтури тибби оилавии Маркази таълимии клиникии тибби оилавии шаҳри Хоруғ, Назармамадова Марҳабо – духтури физиотерапевти шӯъбаи “Дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак”-и маркази саломатии шаҳрии №1 шаҳри Хоруғ ва Сайфова Гулноза – духтур тавонбахши Маркази тавонбахшии маъюбони МД МТТ “Шаҳраки Шифобахш” дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷ ҳузур доштанд.
Дар оғоз Сатиш Мишра – роҳбари барномаи “Маъюбият ва Тавонбахшӣ”-и дафтари минтақавии ТУТ дар Аврупо ва ҳамзамон раиси ҷаласаи машваратии мазкур оид ба муҳиммияти рушди ин самти соҳаи тандурустӣ суханронӣ намуда, сипас мутахассисони варзидаи соҳавӣ оид ба масъалаҳои мубрами ин самт, аз қабили захираҳои кадрӣ ва омодасозии онҳо, маълумотҳои оморӣ, монеаҳо дар ин самт бо маърӯзаҳои худ баромад доштанд. Пеш аз анҷоми мулоқот кори гурӯҳӣ миёни ҷонибони мулоқот оид ба таъсиси хатсайри рушди минбаъдаи таълиму тарбия, эътироф ва танзим, маълумот ва мониторинг, ташкили иттиҳодияҳо ва шабакаҳо барои рушди самти тавонбахшӣ баргузор шуд.
Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо аз сатҳ, муҳтаво ва рушди муносибатҳои ҷойдошта қаноатмандӣ карда, изҳори умедворӣ намуданд, ки минбаъд низ муносибатҳо боз ҳам густариш ёфта, боиси рушди ин самти муҳими соҳаи тандурустӣ мегарданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.