ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ТАБИБОНИ ҶАВОН”-И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”
Санаи 9 июни соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи бинои асосии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” тибқи нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибони ҷавон” ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа меҳмонони олиқадр аз раёсати олии ҳизб ва 350 аъзоёни ташкилот, аз ҷумлаи омӯзгорону кормандони фаъоли Коллеҷ ширкат варзиданд. Ба ҳайси раисони ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботӣ Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибони ҷавон”-и МДТ “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ”, Хонзода Абдураҳмон – роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ), Мирзозода Иброҳим Холмурод – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Файзуллозода Заррина Файзулло – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳузур доштанд.
Дар оғози ҷаласа Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо ҳисоботи солона оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибони ҷавон” баромад намуда, дастовардҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар давоми давраи ҳисоботӣ манзури ҳозирин намуданд.
Баҳри музокираи ҳисобот, сухан ба Одилзода И.Ё. муовини директор оид ба корҳои таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дода шуд. Қайд карда шуд, ки саҳми раиси ташкилот дар кор ва фаъолияти пурсамари он бузург буда, бо дарназардошти тамоми дастовардҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ҳисоботи раиси он қаноатбахш шуморида шавад.
Инчунин Хонзода Абдураҳмон – роҳбари дастгоҳи КИ Марказии ҲХДТ суханронӣ карда, тамоми аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбиро бо дастовардҳои соли сипаригашта табрик намуданд ва ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро қаноатманд шумориданд.
Сипас интихоботи раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор шуд, ки аз ҷониби аъзоёни ташкилот номзадии Ашуриён Ш.С. ба ҳайси раис ва Бобоев Б.А. ба ҳайси муовини раис пешниҳод гардида, аз ҷониби раёсати олии ҳизбӣ ин пешниҳод пазируфта шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби аъзоёни ташкилот барои иштирок дар конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе номзадии як зумра аъзоёни фаъоли ташкилот ба ҳайси вакил пешниҳод гардида, аз ҷониби раисони ҷаласа пазируфта шуд.
Ҳамчунин дар фарҷоми ҷаласа як қатор аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибони ҷавон” бо сипоснома ва ифтихорномаи ҲХДТ дар ноҳияи Сино қадрдонӣ карда шуда бо садо додани суруди миллӣ ба кори ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.