Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ОМОДАГИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БА ОҒОЗИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023

Тибқи Нақша-чорабиниҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва дастуру супоришҳои роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати истиқболи соли таҳсили нави 2022-2023 дар сатҳи зарурӣ, корҳои таъмирию ободонии биноҳои таълимиро ба роҳ монда, то имрӯз як қатор аз ин корҳо ба сомон расонида шудаанд.

Аз ҷумла фасади биноҳои таълимии №2 воқеъ дар кӯчаи Камонгарон – 3 (маҳаллаи Дӯстӣ) ва бинои таълимии №3 воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ (маҳаллаи 46) пурра рангубор шуда, аз таъмир бароварда шудаанд. Айни замон дар биноҳои номбурда таъмири дохилӣ идома дошта, тибқи нақша, анҷоми он дар нимаи мобайни моҳи августи соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ҳолати аъло нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти роҳбарияти Коллеҷ ба шумор рафта, ин масъала ҳамеша дар мадди назари роҳбари муассиса Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода қарор дорад.

Инчунин, доир ба масоили мазкур роҳбарияти Коллеҷ бо Ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пайваста ҳамкорӣ менамояд, зеро биноҳои таълимии Коллеҷ ҷузъиёти пойтахти азизи мо буда, зебогии онҳо дар зеҳни  меҳмонони дохилию хориҷӣ таасуроти гуворро мегузорад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.