Хабарҳо ВОХӮРИИ ҶОНИБҲОИ МАНФИАТДОР БАҲРИ РУШД ВА ТАҲКИМИ СИСТЕМАИ ТАЪЛИМИИ СОҲАИ ОФИЯТБАХШӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Jul 27, 2022 0 Санаи 26 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Атлас”-и шаҳри Душанбе, вохӯрии ташкилотҳои бонуфузи рӯи замин, аз ҷумла Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, “USAID”, “World Physioterapy”, “MOMENTUM wheels for humanity” бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баргузор шуд. Вохӯрии мазкур аз соати 9:00 то 14:00 идома ёфта, зимни нишаст ҷонибҳо масоили мухталифи соҳаи офиятбахширо баррасӣ намуда, як қатор қарорҳои муҳим қабул намуданд. Дар оғози вохӯрӣ сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.т., профессор Юсуфӣ С.Ҷ. оид ба фаъолияти пурсамари лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Сипас директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода оид ба барномаҳои таълимии ба тасвиб расидаи офиятбахшӣ дар Коллеҷ суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Муассиса дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таҷрибаи ғанӣ дорад ва дар татбиқи самти нави таълимӣ то имрӯз тамоми чораҳои заруриро андешида, дар ҳолати омодабош қарор дорад. Ҳамчунин сардори шуъбаи илмӣ-методии Коллеҷ Раҳимова Х. изҳор доштанд, ки нақша ва раванди таълимӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони варзидаи соҳаи офиятбахшии ташкилоти бонуфузи “Офиятбахшии умумиҷаҳонӣ” таҳия хоҳад шуд. Зимнан Перс Роузен роҳбари ташкилоти “MOMENTUM wheels for humanity” ва дигар намояндагони ҳар як ташкилотҳои номбурда оид ба масоили марбута суханронӣ намуда, фикру андеша ва пешниҳодҳо доштанд. Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо аз сатҳ, муҳтаво ва рушди муносибатҳои ҷойдошта қаноатмандӣ карда, изҳори умедворӣ намуданд, ки минбаъд низ муносибатҳо боз ҳам густариш ёфта, боиси рушди ин самти муҳими соҳаи тандурустӣ мегарданд. 0 Мубодила кардан