Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ОМОДАГИҲО БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ

Дар асоси супоришҳои директори муассиса Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода вобаста ба дар сатҳи баланд оғоз намудани соли нави хониш дар биноҳои таълимӣ, хобгоҳ ва дигар маконҳои ба коллеҷ тааллуқ дошта шанбегиҳои дастаҷамъона роҳандозӣ гашта истодааст. Ҳамчунин субҳи имрӯз санаи 20.08.2022 дар бинои дуюми таълимӣ (к. Камонгарон-3) бо иштироки васеи кормандону омӯзгорони муассиса шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки шароити хуб фароҳам овардан ба насли наврас ва тозагии муҳити атроф барои донишандузии онҳо басо мусоидаткунанда мебошад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.