Хабарҳо ОМОДАГИИ БАХШИ ХОҶАГИДОРИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАРОИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ Бо admin Охирин навсозӣ Sep 1, 2022 0 Тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ҷиҳати дар сатҳи олӣ таҷлил гирифтани Рӯзи дониш дар Муассиса, инчунин ободу зебо гардонидани биноҳои Муассиса ва дар ин масир ба шаҳри зебо табдил додани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, аз ҷониби бахши хоҷагидории Коллеҷ як қатор корҳои таъмирию ободонӣ ва гулшиноию безараргардонӣ ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла то ба имрӯз дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ гулу буттаҳо ва дарахтони гуногун шинонида шуда, санаи 31 августи соли 2022 тавассути доруҳои махсус бо истифода аз таҷҳизоти заҳрпош аз зараррасонҳо безарар гардонида шуданд. Инчунин кормандони бахши хоҷагӣ гирду атрофи биноро тоза ва бехи гулу буттаҳоро нарм гардониданд, ки ин зебогии гирду атрофи бинои таълимиро дучанд гардонид. Лозим ба ёдоварист, ки шинонидани гулҳои мавсимӣ иқдоми пешакардаи роҳбарияти коллеҷ буда, бевосита таҳти назорати доимии Роҳбари муассиса қарор дорад, зеро зебогии саҳни ҳар як бино ба шаҳри маҳбубамон ҳусни нотакрор мебахшад. Ҳамзамон довталабоне, ки дар оғози соли таҳсили 2022-2023 сазовори номи пуршарафи донишҷӯ гаштаанд, пас аз гузоштани қадами аввалин ба ин даргоҳи илму маърифат бо манзараи гул-гулшукуфони гирду атрофи биноҳои таълимӣ рӯ ба рӯ шуда, ба худ эҳсосоти нотакрор мегиранд, ки ин барои таҳсил ба онҳо илҳоми тоза мебахшад. Бахши хоҷагидорӣ дар татбиқи амалии дастуру супоришҳои роҳбари муассиса ҷиҳати ободу зебо гардонидани гирду атроф ва дохили биноҳои таълимӣ, ҳамеша саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан