ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” АШУРИЁН ШАҲЛО САЙФУЛЛОЗОДА БА МУНОСИБАТИ 31 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳамватанони гиромиқадр!
Санаи 9-уми сентрябр мардуми сарбаланд ва шарафманди Тоҷикистон, 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бешубҳа бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди мо ба ҳисоб меравад, ботантана таҷлил хоҳанд кард. Инак 31 сол мешавад, ки тоҷи тиллоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шарофати заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият бо нури равшан медурахшад ва зиндагии мо мазмуну таровати тоза касб карда, рӯз то рӯз оромии хонадону шаҳру деҳоти мо афзун мегардад. Водиҳои сабзу хуррам ва қуллаҳои баландтарини кӯҳсори моро нурҳои истиқлолият мунаввар мегардонанд.
Имрӯзҳо тамоми мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон амиқ дарк мекунанд, ки истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмат, сифатҳои асосии давлати озод, рамзи номус, ватандӯстӣ ва кафили зиндагии босаодат мебошад.
Аз ин рӯ, тамоми сокинони Ватани соҳибистиқлолу соҳибихтиёрамон ва тамоми тоҷикони ҷаҳонро бо фарорасии ин ҷашни муқаддасу пурифтихор самимона табрик гуфта, орзумандам, ки ситораи бахти давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша дурахшон бошад.
Дар рӯзҳои ҷашни истиқлол бояд ҳама шукрона кунем, ки орзую ормонҳои ҳазорсолаи аҷдодони озодихоҳи мо барои соҳиби давлату давлатдории хеш дар натиҷаи мубориза ва талошҳои беохир дар ниҳоят ҷомаи амал пушид ва имрӯз мо мамлакати мустаъқили миллии худро дорем. Пешвои муаззами миллат дар расидан ба ин ормони миллӣ нақши аввалиндараҷа ва калидӣ доранд, ки аз ин ҳар як фарди ватандӯсту миллатпарвар бохабар аст. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлати мо бо душманони зиёде бархурд намуд ва маҳз бо шарофати заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар як муддати кӯтоҳ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуд. Аз ин рӯ бори дигар изҳори итминон менамоем, ки тамоми орзую ормонҳои миллии аҷдодони моро як абармарди тоҷик амалӣ намуданд ва маҳз ҳамин буд, ки миллат ин марди бузургро сараввал ҳамчун Қаҳрамони миллат ва баъдан ҳамчун Пешвои худ пазируфтанд.
Мо дар оғози асри 21 қарор дорем ва набояд фаромӯш кард, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллати мост ва саҳифаҳои пуршарафи китоби аҷдодони озодихоҳ ва ватандӯсти мо бо хуни ҳазорҳо ватандустони диловару каҳрамон навишта шудааст. Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба халқу давлати мо нерӯи бузург бахшида, барои рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овард. Мо имруз бо боварии том гуфта метавонем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба муваффақиятҳои намоён ноил гардид.
Ҳукумати кишвар ба шарофати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати дохилию хориҷии давлати соҳибистиқлоламонро муайян намудааст.
Мо аз он шодем, ки мо давлати мустақили худро дорем ва халқи бунёдкори мо таърихи нави худро бо дастони худ бунёд карда истодааст. Дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои муаззами миллатамон замини азизамон ободу зебо мегардад. Мо ҳамеша саъй хоҳем кард, ки кишвари таърихӣ ва муқаддаси худ, халқу давлатамонро аз ҳама хатарҳои ҷаҳони пурташвиши муосир ҳифз кунем.
Дар баробари ин ҳама гуфтаҳо, қайд кардан лозим аст, ки Пешвои муаззами миллат ба мардуми шарафманди сарзамини Тоҷикистон эътимод доранд, ки шахсан дар яке аз баромадҳояшон аз минбар бо ифтихор гуфта буданд: “Ман ба шаъну шараф ва ифтихори миллӣ, ба ормон ва эҳсоси ватандӯстӣ, ба меҳнати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон боварии амиқ дорам ва бо итминони зиёд гуфта метавонам, ки мо ҳама якҷоя нақшаҳои созанда ва ниятҳои некро амалӣ карда истодаем…”. Дар робита бо ин гуфтаҳо ҳар яки моро мебояд ки ба чунин сатҳи эътимоди Пешвои худ сазовор бошем, софдилона барои Ватан хизмат намоем ва дар натиҷа барои зиндагии шоистаи халқу миллати хеш шароити шоистаи зиндагиро фароҳам оварем.
Бо умеди ҷовидонии Истиқлолияти давлатӣ бори дигар кулли мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамонро бо фарорасии ҷашни пурифтихор ва муқаддаси миллӣ табрик мегӯям.
Бигзор роҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ба сӯи ояндаи дурахшон ва рушд ҳамеша ҳамвору равшан ва пур аз пирӯзиву комёбиҳои нав бошад.
Бигзор чароғи дурахшони истиқлолият ҳамеша дар қалби ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон фурӯзон бошад ва чароғи роҳи имрӯзу фардои мо бошад.
Дар ин айёми фархундаю фараҳбахши ҷашни истиқлолият бо муҳаббати бепоён ба халқи созандаву шарифи азизам хушбахтии беандоза, саломатии комил, сарбаландӣ, нерӯи тоза ва фатҳи куллаҳои нави бунёдкориро таманно дорам.
Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода