Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАҲКИМИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ ДОНИШҶӮЁН ТАРИҚИ ГУЗАРОНИДАНИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА

Вобаста ба оғози соли нави таҳсили 2022-2023 ва бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ободонӣ ва нигоҳдории биноҳои таълимӣ, кабудизоркунии саҳни биноҳо ва ҳудудҳои ҳамшафат 10-уми сентябри соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои роҳбари “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар Коллеҷ шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки устодону донишҷӯён ва кормандони Коллеҷ дар шанбегӣ ширкат варзида, заҳбурҳо ва роҳравҳоро тоза, саҳни биноҳои таълимиро рубӯчин ва дохили синфхонаҳоро покиза сохтанд. Инчунин бехи гулу буттаҳоро нарм ва аз хазон покиза сохтанд.

Лозим ба ёдоварист, ки донишҷӯён низ дар ин чорабинии ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, ихтиёран дар покизасозии гирду атрофи биноҳо ширкат варзиданд. Иштирок дар чунин чорабиниҳо боиси боло рафтани маърифатнокии экологии донишҷӯён мегардад, ки ин ҳам яке аз вазифаҳои муассисаи таълимӣ ба шумор меравад.

Ҳамин тариқ Коллеҷ дар оғози соли таҳсили нав нақшаи гузаронидани шанбегиҳо тасдиқ шуда, то соли нави таҳсил он дар амал татбиқ карда хоҳад шуд. Роҳбарият ва алалхусус директори Коллеҷ ба масъалаи покизагӣ  дар муассиса таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, зеро покизагӣ яке аз шиорҳои асосии кормандони соҳаи тиб ва тандурустӣ мебошад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.