Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВОХӮРИИ МАЪМУРИЯТИ КОЛЛЕҶ БО ДОНИШҶӮЁНИ БАХШИ АВВАЛИ ФАКУЛТЕТҲО

Имрӯз тибқи дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т Ашуриён Ш. С. ва ҷадвали тасдиқгардида, вохурии маъмурияти коллеҷ бо донишҷӯёни бахши аввали факултетҳои кори фарматсевтӣ (баъди хатми синфи 9), кори фарматсевтӣ (рӯзона) ва кори фарматсевтӣ (шабона) баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова М. М. баромад намуда кормандони маъмуриятро ба донишҷӯён шинос намуда, оиди Оинномаи қоидаҳои тартиботи дохилии коллеҷ, одобу рафтор, тозаву озода нигоҳ доштани синфхона ва саҳни биноҳои таълимии Муассиса, риояи либосҳои тавсиявӣ, ҳурмату эҳтироми якдигар ва ҷалб нашудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терористиву экстремистӣ дошта суханронӣ намуданд. Инчунин муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А. Д.  оиди озмунҳои ҷумҳуриявӣ «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва озмуни китоби «Тоҷикон» суханронӣ намуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.