Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВОХӮРИИ МАЪМУРИЯТИ КОЛЛЕҶ БО ДОНИШҶӮЁНИ БАХШИ АВВАЛИ ФАКУЛТЕТҲО

Санаи 19.09.2022с. тибқи дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т Ашуриён Ш. С. ва ҷадвали тасдиқгардида, вохурии маъмурияти коллеҷ бо донишҷӯёни бахши аввали факултетҳои «Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ», «Ташхис ва табобати нурӣ», «Кори тиббӣ-ташхисӣ», «Кори тиббӣ-офиятӣ», «Кори тиббӣ-профилактикӣ», «Кори ҳамширагӣ дар косметология» ва «Кори тиббӣ-иҷтимоӣ» баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова М. М. баромад намуда донишҷӯёнро ба соҳиб шудан ба унвони «Донишҷӯ» табрик намуда кормандони маъмуриятро ба донишҷӯён шинос намуда, оиди Оинномаи қоидаҳои тартиботи дохилии коллеҷ, одобу рафтор, тозаву озода нигоҳ доштани синфхона ва саҳни биноҳои таълимии Муассиса, риояи либосҳои тавсиявӣ, ҳурмату эҳтироми якдигар ва ҷалб нашудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терористиву экстремистӣ дошта суханронӣ намуданд. Инчунин қайд намуданд, ки «вобаста ба талаботи замон ва таъмин намудани мутахассисони миёнаи тибб факултети «Кори тиббӣ-иҷтимоӣ» ташкил карда шуд, ки шумоён аввалин донишҷӯёни ин факултет мебошед.»

Баъдан муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А. Д.  оиди озмунҳои ҷумҳуриявӣ «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва озмуни китоби «Тоҷикон» суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки «имрӯзҳо таваҷҷуҳи давлату ҳукумат пурра ба ҷавонон равона карда шудааст, аз ин рӯ шумо донишҷӯёнро мебояд, бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил намуда, дар озмунҳои зикгардида ва берун аз ҷумҳуриямон иштирок  намуда, муаррифгари давлату миллат ва  коллеҷ гардед.»

Дар фарҷоми вохӯрӣ бо донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт. Инчунин дар охир донишҷӯи бахши аввали факултети кори тиббӣ-офиятӣ Исоев Абдусаттор оиди 31 солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд намуд, ки «Мо ҷавононро зарур аст, ба қадри ин сулҳу суботи кишварамон, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба даст омадааст бирасем ва дар оянда ба халқу миллатамон хизмат намоем».

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.