Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВОХӮРИИ РОҲБАРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” АШУРИЁН ШАҲЛО САЙФУЛЛОЗОДА БО АЪЗОЁНИ МИССИЯИ АГЕНТИИ ҶОПОН ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ (JiCA)

Санаи 22-юми сентябри соли ҷорӣ, роҳбари Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо намояндагони миссияи агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JiCA — Japan International Cooperation Agency), муовини роҳбари агентӣ, мутахассис оид ба тандурустӣ ва тиб ҷаноби Даиго Сано ва мутахассис оид ба  техника ва таҷҳизоти тиббӣ ҷаноби Тамотсу Нозаки вохӯрӣ намуданд.

Мавзӯи асосии баррасишаванда — “ихтисоси Техника ва таҷҳизоти тиббӣ, масоили рушду равнақи дарсҳои амалӣ дар ин самт ва ёрии имконпазири моддӣ-техникӣ баҳри ҷалби бештари довталабон барои интихоби ин касб” буд. Зимни нишаст ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои ҷойдошта изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ барои рушди ҳамкориҳо аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд бурд.

Роҳбари муассиса Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода оид ба вазъи кор дар ин самт ба меҳмонон маълумоти муфассал дода, қайд карданд, ки роҳбарияти Коллеҷ то имрӯз баҳри таъмини раванди таълимӣ ва ташкили дарсҳои амалӣ тамоми чораҳои заруриро андешидаанд.

Мутахассисони миссияи JiCA дар навбати худ иброз доштанд, ки зимнан баҳри расонидани ёрии моддӣ-техникӣ, аз ҷумла барои Коллеҷ пешкаш кардани таҷҳизоти техникии навтарини омӯзишӣ, бояд тамоми иқтидори техникии Коллеҷро ба инобат гирифт. Сипас намояндагони миссияи агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ ба синфхонаҳои амалии техникӣ барои боздид аз технопаркҳои мавҷудаи Коллеҷ равона шуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.