Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ГУЛ ШИНОН ВА ОЛАМРО БА ГУЛИСТОН ТАБДИЛ БИДЕҲ – ИҚДОМИ НАВБАТИИ ГУЛШИНОНӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Ҳар як фарди солими ҷомеа орзӯ менамояд, ки макони зисташ ободу зебо ва манзараи нотакрор дошта бошад. Агар ҳар як шахс то андозае барои амалӣ сохтани ин орзӯи неки худ кӯшиш ба харҷ диҳад, олам ба гулистон мубаддал мегардад. Дар ҳақиқат дидани манзараи зебои пур аз гулу буттаҳо дар маконе, ки дар он ҷо қисми зиёди рӯз сипарӣ мегардад ба инсон нерӯи тоза ва илҳом мебахшад. Чунин манзара махсусан барои муҳассилини муассисаҳои таълимӣ таъсирбахш мебошад.

Дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” иқдомҳои экологии гулшинонӣ ба ҳукми анъана даромада, мунтазам гузаронида мешавад ва ҷараёни он дар сомонаҳои иҷтимоӣ пахш мегардад. Ҳамин аст, ки санаи 24-уми сентябри соли 2022 тибқи дастуру супориш ва таҳти назорати бевоситаи роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар гирду атроф ва дохили бинои асосии Муассиса гулу бутта ва ниҳолҳои дарахтони палма, аз ҷумла навъи палмаҳои “Сикас” ва  “Феникс” шинонида шуданд. Инчунин хоки гулдонҳои гулҳои мавҷуда иваз карда шуда, бо ин роҳ бехи гулҳо нарм карда шуд, ки ин барои шукуфтани минбаъдаи гулҳо шароити мусоид фароҳам меоварад.

Пас аз шинонидани гулу ниҳолҳо гирду атроф ва дохили биноҳои таълимӣ ба худ ҳусни нотакрор ҷалб намуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.