ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РОҲБАРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” АШУРИЁН ШАҲЛО САЙФУЛЛОЗОДА БАХШИДА БА ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН
Дар тарбияи насли худогоҳу худшинос мактабу муаллим нақши муҳим доранд ва онҳо воқеан ганҷинаи маънавии халқамон ба ҳисоб мераванд.
(Эмомалӣ Раҳмон)
Омӯзгорони муҳтарам ва собиқадорони меҳнати педагогӣ!
Табрикоти самимонаи маро ба муносибати иди касбӣ – Рӯзи омӯзгорон қабул намоед!
Дар ин рӯз мо ба одамоне, ки умри худро ба ояндаи кишвар бахшидаанд, эҳтироми хос мегузорем, зеро маҳз омӯзгорон рисолати душвор, вале хеле муҳим ва бошараф – таълиму тарбияи насли наврасро ба дӯш доранд. Дар ҳақиқат таҷлили ин ид нишони қадру мензалати хос доштани омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар назди Ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки ҳаёти худро барои рушди раванди таълим, гирифтани таълими босифат ва дар ин замина рушди ҷомеа бахшидаанд.
Дар мамлакати мо таҷлили иди касбии омӯзгорон дар оғози моҳи октябр ба ҳукми анъана даромада, дар ин рӯз мо бо суханҳои миннатдорӣ ва меҳру муҳаббат ба одамоне муроҷиат менамоем, ки касби пуршарафи омӯзгорро интихоб кардаанд. Ҳар яки мо дар зиндагӣ Устоди ҳаётӣ дорем, ки бо хирад, саховатмандии маънавӣ ва дониши амиқ дар шинохти ҷаҳони ботинии мо кӯмак кард, онро ғанӣ гардонд ва барои бунёди ояндаамон саҳм гузошт.
Сарнавишти ояндаи шогирдони имрӯзаи моро маҳз сифатҳои касбӣ ва инсонии омӯзгорон муайян менамоянд. Омӯзгорон сарвати бебаҳои соҳаи маорифи кишвар буда, бо шарофати кордонӣ, сабру тоқат, меҳру муҳаббат ба меҳнат ва фарзандон – қобилияти муҳассилинро ошкор ва амалӣ мегардонанд.
Имрӯз дар назди Ҳукумат ва давлати мо омӯзгор қадру манзалати хос пайдо кардааст. Алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суханронӣ аз саҳми омӯзгор дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ сухан гуфта, барои дастгирии омӯзгор ва махсусан омӯзгорони ҷавон дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Барои омӯзгорон дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат, баҳри пешбурди фаъолияти пурсамари таълимӣ – илҳому нерӯи тоза мебахшад. “Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.”
(Эмомалӣ Раҳмон)
Ветеранҳои соҳаи маориф сазовори таҳсину эҳтироми хоса мебошанд, ки ба сину сол нигоҳ нокарда, меҳнати худро идома дода, барои омӯзгорони ҷавон намунаи ибрат ва садоқат мебошанд.
Чи тавре қайд карда шуд, ҳар як фард дар ҳаёти худ Устоде дорад ва имрӯз имкон фароҳам омадааст, ки барои ин устодон сари таъзим фуру оварда, аз онҳо барои сарфи беҳтарин рӯзҳо ва солҳои ҳаёташон дар таълиму тарбияи шогирдон, миннатдории самимӣ баён намоем. Бигузор он гармии рӯҳиявие, ки шумо ба шогирдон саховатмандона медиҳед, ба шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва нерӯ барои комёбиҳои наву наҷиб бахшанд.
Барои садоқат ба касби омӯзгорӣ, маҳорати баланди касбӣ, сабри баланд, хирадмандии бепоён ва муҳаббат ба шогирдон миннатдории самимӣ баён мекунам. Ба шумо ва наздиконатон саломатӣ, хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно дорам!
Иди касбии омўзгорон муборак!
Бо камоли эҳтиром,
директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”,
н.и.т., Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода