“Табиби бад метавонад ҷонро гирад,
муаллими бад – рӯҳро сӯзонад”
Барои воридсозии равандҳои инноватсионии муосир дар соҳаи маориф, нақши омӯзгор калидӣ ва муҳим ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз омӯзгоре, ки дар худ тамоми палитраи шаъну шарафи инсониро дар бар мегирад, беҳтарин роҳ барои ноил шудан ба модернкунонии соҳаи маориф, ба ҳисоб меравад. Агар суол ба миён ояд, ки омӯзгор новобаста аз ихтисос бояд чи гуна бошад, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки омӯзгор – файласуф, ташкилотчӣ, равоншинос, олим ва эҷодкор аст. Албатта, тамоми лаҳзаҳои нотакрори омӯзгорро дар ҷараёни такрорёбандаи таълимӣ чен кардан номумкин аст.
Омӯзгорӣ – асосан як касби хеле серталаб ба шумор рафта, қувваи бузурги равониро талаб менамояд. Эҷодкорӣ, ки унсури асосии сарфи нерӯи равонӣ дар ҷараёни кории омӯзгор ба шумор меравад, дар навбати худ бо ҷустуҷӯи доимии иттилоот, нигоҳдорӣ ва такрори ин иттилоот бо истифода аз тамоми намуди хотира, вобастагӣ дорад. Дар ҷараёни эҷодкорӣ омӯзгорро тарсу ҳаросҳои касбӣ, ҳаяҷон ва номуайянӣ ҳамроҳӣ намуда, аксар вақт боиси пиршавии бармаҳал ё беморшавии системаи асаб мегардад. Ин ҳама аз худи омӯзгор тақозо менамояд, ки ба таври ҷиддӣ оид ба мустаҳкамсозии солимии рӯҳӣ ва ҷисмонии худ чораандешӣ намояд.
Меҳнати омӯзгор ҳамчун воқеияти мураккабтарини равонӣ аз 3 фазои ба ҳам алоқаманд иборат аст:
-
шахсияти омӯзгор;
-
фаъолияти педагогӣ;
-
муоширати педагогӣ.
Ин 3 фазоро вазифаи ягона – ташаккули шахсияти донишҷӯ муттаҳид месозад.
Имрӯз танҳо ба сифати дониши донишҷӯ таваҷҷӯҳ додан кифоя нест. Дониш ва маҳорати омӯзгор дар қабул, инкишоф ва тарбияи муҳассилин, унсурҳои асосӣ ба шумор намераванд.
Коршиносони амрикоӣ ҳанӯз 100 сол пеш методологияи муайян кардани “коэффисиенти иктишофӣ”-ро таҳия карда буданд, ки дар асоси он муваффақияти эҳтимолии касбии фард муайян карда мешуд. Аммо чанд соле қабл, онҳо ҳамчунин ба хулосае омаданд, ки омӯзиши воқеӣ, рушд ва муваффақияти инсон — бештар бо “коэффисиенти эҳсосотӣ” ва ё соддатар карда гӯем, аз фазои равонии манбаи донишандӯзӣ вобастагӣ дорад.
Ҳолати рӯҳӣ ва омодабоши омӯзгор, фаҳмиши омӯзгор дар бораи равандҳои равонӣ, қобилияти ҳавасмандгардонии омӯзгор, фароҳам овардани муҳити мусбии эмотсионалӣ, қобилияти ба таври боварибахш таъсир расонидан, эҳосос кардани ҳолати донишҷӯ, қобилияти ҷалби диққати муҳассилин ба фаъолияти эҷодии маърифатӣ – ин ҳама маънои таълими фанро дорад.
Тамоми раванди таълимӣ ба муошират, фаҳмиши ҳамдигар, дарки ҳаёт, ҷаҳонбинӣ, қабул ва амалисозии қоидаҳои ахлоқӣ нигаронида шудааст. Маданияти муоширати омӯзгор ҳамеша нишондиҳандаи он аст, ки вай бо кадом вазифаҳои педагогӣ ва роҳҳои муошират, принсипҳои аҳамияти иҷтимоӣ доштаро амалӣ мегардонад.
Қобилияти дарк намудани шогирдон ва ба қадри кифоя ҷавоб додан ба рафтори онҳо аз маҳорати касбии омӯзгор шаҳодат медиҳад. Ба сатҳи баланди касбӣ дар фарҳанги муносибат ва муошират танҳо он омӯзгорон ноил мешаванд, ки муоширатро як раванди дуҷониба дониста, дар он ҳамаи иштирокчиёнро шарикони комил мешуморанд.
Оид ба мавҷудияти маҳорати муошират бо шогирдон доштани як қатор қобилиятҳо шаҳодат медиҳад:
-
Қобилияти дарки мантиқии шогирд, ҷаҳонро бо чашми ӯ нигаристан.
-
Қобилияти дидани шахсият дар шогирд.
-
Қобилияти худтанқидӣ ва ошкоро қабул намудани танқид аз ҷониби дигарон нисбат ба худ.
-
Қобилияти эътироф кардани хато.
-
Қобилияти таъсир расонидан ба кӯдак, ба истиснои манипуляция.
-
Қобилияти ҳаҷвӣ.
-
Қобилияти расонидани маълумот тавассути сухан ва имову ишора.
Муколама – ҳамчун роҳи муошират, яке аз мавқеъҳои муҳимтарин дар муносибатҳои гуманистӣ ба шумор меравад, ки барои татбиқи принсипҳои эҳтироми ҳамдигар ва масъулият дар назди ҳамдигар шароит фароҳам меоварад. Муколама як раванди эҷодӣ аст, ки онро пешакӣ пурра ба нақша гирифта ё барномарезӣ кардан ғайриимкон аст. Кордонӣ, маҳорат ва ҳатто истеъдоди муошират дар ин маврид барои бартараф кардани душвориҳои табиии муносибатҳо, ки аз сабаби тафриқаи дараҷаи омодагӣ ва хусусияти сину солӣ ба амал меояд, бартараф менамояд.
Таҳлили анкетаҳо нишон медиҳад, ки аксар вақт байни омӯзгор ва донишҷӯ оид ба масъалаҳои зерин ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надорад:
-
баҳодиҳӣ (“баҳодиҳии беадолатона”, “тамаъкорӣ дар баҳодиҳӣ”);
-
талаботи сахти риояи интизом;
-
сахтгирии аз ҳад зиёд ва беасоси “рафтори дуруст”;
-
хоҳиши иҷборан додани маълумоте, ки тибқи барнома барои донишҷӯ пешбинӣ нашудааст;
Дар замони муосир омӯзгор вазифадор аст аз педагогикаи авторитарӣ, ки дар асоси интизоми бераҳмона, якрангӣ ва ҷустуҷӯи камбудӣ ва хатоиҳои шогирдон сохта шудааст, дур шавад. Табиати шогирдон, ки аксар нисбат ба устодон хеле ҷавонтар мебошанд, бо калонсолон яксон аст. Ҳеҷ кас – на калонсолон ва на ҷавонон фармоиш доданро дӯст намедоранд. Муттаҳид сохтани фаъолияти репродуктивӣ ва эҷодии шогирдон ва бо ин роҳ барои худ кашф кардани чизи наве оқилонатар менамояд.
Сифатҳои беҳтарини омӯзгор ин қобилияти дарк кардани ҳар як муваффақиятҳои шогирд мебошад. Дар ин ҷо муҳим аст, ки ба таърифҳои беасос, аз ҳад зиёд ва баҳодиҳии тасодуфӣ роҳ надиҳанд, зеро ин ҳама муваффақиятро дар чашми шогирд беарзиш мегардонад. Бояд таъғиротҳои воқеӣ, новобаста аз хурду калон буданашон эҳсос ва баҳодиҳӣ карда шаванд. Асос бояд шогирди хуб қадрдонӣ карда шавад. Диққати хос бояд ба гурӯҳи шогирдоне дода шавад, ки зуҳуроти рафтори манфӣ доранд. Барои бо чунин шогирдон кор кардан, омӯзгор бояд ошкор карда тавонад:
-
сабабҳое ки боиси инҳироф дар таълим ва рафтор мегарданд;
-
аломатҳои пасмондагӣ дар рушди умумӣ.
Душвортарбиягӣ – ҳамеша натиҷаи сабабҳои муайян ва шартҳои дохилӣ (хусусияти инкишофи равонӣ) мебошад. Бо вуҷуди ин ба саъю кӯшиши якҷояи падару модарон, омӯзгорон ва табибон имкони рафъсозии ин ҳолат имконпазир аст. Омӯзгорон бояд ин гуна шогирдонро бештар дастгирӣ намоянд ва дар дили онҳо умед ба ояндаро ҷой намоянд.
Ба хислатҳои сабру таҳаммулпазирии омӯзгор диққати хос додан лозим аст. Зуд ва пурра омӯзонидани шогирдон ва гирифтани натиҷаи дилхоҳ ақидаи нодуруст аст, чунки қобилияти азхудкунии шогирдон фарқ мекунад ва ҳар фард гуногун ба камол мерасад. Барои омӯзгор доштани сабру таҳаммул дар таълим ҳатмӣ мебошад, то ин ки дониш ва маҳоратро дар шогирдон парварад.
Маҳорати баҳодиҳӣ ба фаъолияти худ, фарқи шикаст аз пирӯзӣ, дидани мушкилотҳои шахсию касбии худ, сифатҳои муҳими омӯзгор мебошад ва албатта талаботҳои педагогӣ сараввал бояд нисбат ба худ ва баъдан ба шогирдон суботкорона ба амал бароварда шавад.
Овони омӯзгор буданам бештар кӯшиш мекардам, ки аз минбар мавзӯъро камтар шарҳ дода, баракс корро тавре ташкил намоям, ки шогирд мустаъқил бошаду ҷустуҷӯ карда, интихоб ва тасниф намояд. Он гоҳ ҳатто шогирдоне, ки сустхон буданд — қобилиятҳои зеҳнии худро амалӣ карда метавонистанд. Дар дарс ба шогирдони заиф имкон медодам, ки аз китоб истифода кунанд.
Дар умум, он хотираи шогирдон, ки мо омӯзгорон ба он чунин аҳамияти калон медиҳем, танҳо дар сурате арзиш дорад, агар он ба раванди татбиқи таҷрибавӣ пайваст бошад. Албатта барои рушди хотира ва тафаккур истифодаи аёниятҳо, кортҳои таълимӣ, тестҳо ва дигар усулҳои замонавии таълимӣ лозим меояд.
Ба андешаи ман, омӯзгор дар замони муосир бояд роҳҳои фаъолона истифода бурдани донишу қобилиятҳои хонандагонро ҳам барои инкишоф додани онҳо ва ҳам дар доираи таъмини самти амалии ихтисосиашон нигаронидашуда ҷустуҷӯ намояд. Ин дар навбати худ имкон медиҳад, то ин ки фаъолияти маърифатии онҳо зери назорат қарор дошта бошад.
Ба саволи “Кадом сифатҳои омӯзгорони худро бештар меписандед?”, шогирдон чунин ҷавоб медоданд:
-барои он ки онҳо ба мо дониш ва бисёр чизҳои нав медиҳанд;
-барои дарки эҳсосотҳо ва андешаҳои мо;
-барои меҳрубонӣ ва зарофат дар раванди таълим;
-барои сабр дар таълим;
-барои кӯмак дар ҳолатҳои гуногун.
Аз ин бармеояд, ки танҳо додани таълим барои пайдо кардани нуфуз миёни шогирдон кофӣ набуда, шогирдон дар омӯзгорон як қатор сифатҳои муҳими инсониро низ баҳо медиҳанд.
Дар охир як чанд фикр ба омӯзгорон барои ёддошт:
-
Дар хотир доред: омӯзгори хуб умри дароз дида, қариб ҳеҷ гоҳ бемор намешавад.
-
Ба дарс бо дили кушод ва вақти хуш рафта, аз кор бо ҳисси мондашавии хуб баромадан барои нигоҳдории солимии равонӣ ва ҷисмонӣ кӯмак мерасонад.
-
Зуҳуроти олии педагогӣ ин табассум дар чеҳраи шогирдон буда, шогирдон низ ба табассуми мо ниёз доранд. Дар ёд доред, табассум ин нишонаи муносибати солим ва гарми инсонист.