Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МОНИТОРИНГИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ВА СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 11-уми октябри соли ҷорӣ тибқи  нақша-чорабиниҳои шуъбаи таълим ва дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати беҳтарсозии сифати таҳсилот аз ҷониби шуъбаи таълим дар кафедраҳои бинои асосӣ ва бинои таълимии №2 мониторинги раванди таълим  гузаронида шуд. Ба ҳайати комиссия сардори шуъбаи таълим Аслонова З.А., сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилот Сафаров А., сармутахассиси шуъбаи назорати сифати таҳсилот Мазабова Н.Н. ва мутахассиси шуъбаи таълим шомил буданд.

Зимни санҷиш ба давомот ва сатҳи дарсазхудкунии донишҷӯёни гурӯҳи факултетҳои шабона диққати хоса дода шуд. Дар давоми санҷиш аъзоёни комиссияи санҷишӣ бо муҳассил сӯҳбатҳо гузаронида, оид ба мушкилотҳо ва пешниҳодҳо маъмулот гирифтанд.

Ҳамзамон, зимни санҷиш ҳайати комиссия раванди машғулиятгузаронии як қатор омӯзгоронро таҳлил намуда, ба онҳо баҳри беҳтарсозӣ ва ҷалби диққати донишандӯзон ба дарс тавсияҳои муфид ва саривақтӣ доданд. Ҳамчунин дар кафедраҳо бо ҳайати коллективи омӯзгорон сӯҳбатҳо гузаронида, тавсия дода шуд, ки омӯзгорони собиқадор ба омӯзгорони ҷавон ёрии методӣ расонанд. Дар охири санҷиш оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар рафти машғулиятгузаронӣ ва усулҳои рафъи онҳо ба мудирони кафедраҳо маълумот дода шуд. Инчунин оид ба давомоти донишҷӯён низ ба роҳбарияти факултетҳо маълумот пешниҳод карда, натиҷаи санҷиш дар Шӯрои олимони Коллеҷ барраси карда хоҳад шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.