Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА БОЗДИД АЗ КОЛЛЕҶҲОИ ТИББИИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

Дар доираи барномаи конференсияи байналмиллалии “Омодасозии мутахассисони кори момодоягӣ ва нақши момодоя дар ҳифзи саломатии модар ва кӯдак”  ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон гузашта истодааст, аз 9 то 11 ноябри соли ҷорӣ ҳайати кормандони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, зери роҳбарии директори Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода аз бархе коллеҷҳои тиббии ин давлати ҳамсоя дидан намуданд. Мақсади асосии боздид аз муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ, ин шиносоӣ бо кори ташкилотҳои тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба кори таълимӣ ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиб машғуланд, иборат буд.

Зимни боздид ва мулоқот бо роҳбарият ва кормандони муассисаҳои мазкур, масъалаҳои марбут ба ташкили низоми таҳсилоти тиббӣ, мундариҷаи барномаҳои таълимӣ, инчунин ташкили ёрии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳокима карда шуданд. Меҳмононро директори генералии Коллеҷи тиббии олии Қазоқистон, раиси “Иттиҳодияи таълимию методӣ” оид ба самти тандурустӣ, раиси “Иттифоқи коллеҷҳои тиббии Қазоқистон” Рузденова Н.Б. роҳбаладӣ намуданд.

Дар давоми боздид ҳайати коллективи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз музейҳои анатомия, утоқҳои таҷрибаомӯзӣ, дорусозӣ, момоӣ ва дигар синфхонаҳо дидан намуданд. Инчунин ҳайати кормандони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо ташкили машғулиятҳои амалӣ дар лабораторияҳои таълими амалии ҳар муассиса шинос шуданд.  Ба меҳмонон оид ба имкониятҳои симуляторҳои муосири тиббӣ, ки ҳама  гуна ҳолатҳои клиникиро тақлид намуда метавонанд, маълумоти муфассал дода шуд.

Меҳмонон дар дарсҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён ширкат варзида, ба онҳо дар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи худ саволҳо дода, дар баробари ин бо роҳбарони муассисаҳо ва мудирони кафедраҳои клиникӣ мулоқот намуданд. Муошират хусусияти мубодилаи таҷриба ва муайянсозии роҳҳои минбаъдаи ҳамкориро дошт. Ташкилотчиёни конференсия тули тамоми сафари хизматии ҳайати намояндагони Тоҷикистон меҳмононро ҳамроҳӣ намуда, муоширати онҳоро бо намояндагони ҷомеаи тиббии Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил намуданд.

Дар давоми боздид аз муассисаҳои тиббӣ меҳмононро бо сохтор ва ташкили кори шуъбаи эҳёгарӣ ва шуъбаи физиотерапия шинос намуданд. Дар давоми боздид аз муассисаҳои номбурда миёни меҳмонон ва ташкилотчиёни ин чорабинӣ мубодилаи афкор ва суҳбатҳои пурсамар барпо гардид. Ҳамзамон баҳри ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои мубрами нигоҳдории солимии модару кӯдак созишҳо ҳосил шуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” низ зери роҳбарии оқилонаи директор, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода синфхонаҳои таълими амалӣ, маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ ва дигар утоқҳои симулятсионӣ кушода ва бо фантомҳо ва симуляторҳои тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки дар таълими амалии муҳассилин нақши бузург доранд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.