Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БАСТАНИ ШАРТНОМАҲОИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА БО МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ МИЁНАИ КАСБИИ ТИББӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

Санаи 8 ноябри соли ҷорӣ ҳайати МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, зери роҳбарии директори Муассиса, н.и.т., Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар доираи баргузории конфронси байналмиллалии “Омодасозии мутахассисони кори момодоягӣ ва нақши момодоя дар ҳифзи саломатии модар ва кӯдак” бо намояндагони муассисаҳои таълимии миёнаи касбии тиббии мухталифи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба таҳким ва рушди ҳамкориҳо бо Муассисаи мо манфиатдор ҳастанд, мулоқотҳои судманд баргузор намуда, ёддоштҳо ва шартномаҳои ҳамкории дуҷониба ва дурнамои ҳамкориҳоро муайян намуданд.

Зимни мулоқот дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самти таълим, таҷриба ва инчунин баргузории конфронсу семинарҳои муштарак баррасӣ шуд. Дар натиҷаи мулоқот миёни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва муассисаҳои таълимии миёнаи касбии тиббии Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Қайд кардан зарур аст, ки ҳамкорӣ бо коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Қазоқистон барои омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии ватанӣ имкон фароҳам меоваранд, то ин ки табодули таҷриба, азхудкунӣ ва ҷорисозии усулҳои нави таълим шиддат гиранд ва сатҳи тахассуснокии омӯзгорон ва муҳассилини мо боз ҳам афзояд. Ҳамаи ин бо ташаббускориҳои роҳбари Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода роҳандози шудааст.

Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, зери роҳбарии номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва таъмини бозори меҳнатӣ бо мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботҳои замон ҳамкориҳои судмандро бо муассисаҳои таълимии давлатҳои пешқадам ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намудаанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.