Хабарҳо ДАРСИ КУШОДУ НАМУНАВӢ ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ ТИББӢ-БИОЛОГӢ”-И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Nov 10, 2022 0 Дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз оғози соли таҳсили 2022-2023 тибқи дастуру супоришҳои роҳбари Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, силсилаи дарсҳои кушоди устодон гузаронида шуда истодаанд. Дар ин замина санаи 10 ноябри соли ҷорӣ дар кафедраи “Фанҳои тиббӣ-биологӣ” аз ҷониби омӯзгори собиқадори кафедра Маматова Рисолат Мингбобоевна дар гурӯҳи 101 факултети “Кори тиббӣ-профилактикӣ” бо иштироки муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.т. Одилзода И.Ё, намояндагони деканатҳо ва устодони кафедра дарси кушоду намунавӣ баргузор гардид. Мавзӯи дарс “Мутатсияи генӣ, геномӣ ва хромосомӣ” унвон дошт, ки омӯзгор амалан донишҷӯёнро бо моҳият ва асоси мавзуъ ошно сохт. Ҳамчунин муаллима дар раванди дарс доири мавзӯи зикршуда машғулиятҳои амалӣ гузаронида, бо истифода аз аёниятҳо ва слайдҳои ҷолиб ба восита нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба тарзи дурусти муайянсозии таъғиротҳои гениро ба донишҷӯён фаҳмонд. Дар қисми поёнии дарс миёни устод ва шоргирдон мубодилаи афкор сурат гирифт, ки аз посухҳо ҳарду ҷониб қаноатманд гардиданд. Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани сифати таълим, донишу малакаи донишҷӯён, омода кардани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани завқу рағбати донишҷӯён ба хондани китоб арзёбӣ гардид. Инчунин зимни баргузории чунин дарсҳо миёни омӯзгорони собиқадор ва камтаҷриба табодули таҷриба ба амал меояд. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан