Хабарҳо БОЗДИДИ ПОЙГОҲҲОИ КЛИНИКИИ КОЛЛЕҶҲОИ ТИББИИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН АЗ ҶОНИБИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin On Nov 11, 2022 0 Санаҳои 10-11 ноябри соли ҷорӣ ҳайати кормандони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо роҳбарии директор, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода аз пойгоҳҳои клиникии коллеҷҳои тиббии шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дидан намуданд. Хотиррасон мешавем, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон аз 7 то 12 ноябр конференсияи байналмиллалӣ дар мавзӯи “Омодасозии мутахассисони кори момодоягӣ ва нақши момодоя дар ҳифзи саломатии модар ва кӯдак” мегузарад ва дар он мутахассисони соҳавӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимии миёнаи касбии тиббӣ аз давлатҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла ҳайати кормандон ва роҳбарияти як зумра коллеҷҳои тиббии ҷумҳурии мо низ ширкат меварзанд. Муаррифгари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” роҳбари Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва як зумра кормандони собиқадори соҳавӣ буданд, ки баҳри иштирок дар ин конфронс ба ҷумҳурии ҳамсоя сафари корӣ доштанд. Дар доираи барномаи конфронс баҳри табодули таҷриба ва таҷдиди назар ба ташкили раванди таълиму табобат дар муассисаҳои таълимии тиббӣ, боздиди пойгоҳҳои клиникии коллеҷҳои тиббӣ гузаронида шуд. Ҳайтаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” низ дар ин экскурсия фаъолона ширкат варзиданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” низ баҳри беҳтарсозии раванди гузариши таҷрибаомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои амалии донишандӯзон, фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ дар беморхонаҳо ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар шафати Коллеҷ бинои дармонгоҳ сохта шуда истодааст, ки он маҳз барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Муассиса равона мегардад. Зимни боздид аз пойгоҳҳои клиникии коллеҷҳои тиббии шаҳри Алмаато, ҳайати кории МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо ҳамкасбони худ аз Ҷумҳурии Қазоқистон табодули афкор намуда, оид ба беҳтарсозии раванди таълиму таҷрибаомӯзи дар пойгоҳҳои клиникӣ ибрози андеша намуданд. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан